sebiston july new
Писари Валӣ Самад даргузашт
1488

Имрӯз Довари Валӣ Самад, писари адабиётшиноси маъруф, даргузашт. Дар ин бора адабиётшинос ва рӯзноманигор Субҳони Аъзамзод иттилоъ дод.

Довари Валӣ соли 1971 таваллуд шуда, факултети шарқшиносии Донишгоҳи миллиро хатм кардааст.

Худи адабиётшиноси маъруф 24 октябри соли 2019 дар синни 83-солагӣ дунёро падруд гуфт. Ӯ 20 январи соли 1936 дар деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара зода шуда, соли 1956 Омӯзишгоҳи педагогии Конибодом, соли 1961 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро хатм карда, нахуст ба ҳайси референти Ҷамъияти “Дониш”-и вилоят, сипас ба сифати муаллими донишгоҳи мазкур фаъолият бурдааст.

Соли 1964 шомили аспирантураи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе шуда, курси асосиро дар шуъбаи робитаҳои адабии Институти адабиёти ба номи Низомии АИ Озарбойҷон гузаронида, соли 1976 дар мавзӯи “Масъалаҳои умдаи пайванди адабии халқҳои тоҷику озар дар садаи XIX” рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Муаллифи 15 рисола ва 350 мақола дар бораи таърих ва паҳлуҳои гуногуни равобити адабии халқи тоҷик бо халқҳои русу озар, гурҷию арманӣ, туркману тотору узбек мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД