Formula september
Пойгоҳи кӯҳнавардию сайёҳии “Артуч”: Маконе, ки бояд дид
2472

Пойгоҳи кӯҳнавардию сайёҳии «Артуч» дар мавзеи дараи Уреҷи кӯҳҳои Фони шаҳри Панҷакент, дар баландии 2200 метр ҷойгир аст. Ҳаводорони сайру сайёҳатро ҳамасола барои боздид ба табиати зебоманзар, кӯлҳои зебо ва дарёчаҳою чашмасорони ин мавзеъ даъват мекунанд. Дар пойгоҳ барои истироҳаткунандагон ва сайёҳони хориҷи дуру наздик шароити хуби истироҳатию фароғати фароҳам оварда шудааст.

Пойгоҳи кӯҳнавардию сайёҳии «Артуч» дар мавзеи “Чилчашма”-и дараи зебоманзари Уреҷи деҳаи Артуч, ки кӯҳҳои сарбаланду сарсабзи пур аз арчазорон иҳота кардаанд, ҷойгир буда, фаъолияти худро баъди азнавсозӣ соли 2005 оғоз кардааст. Масофа байни Пойгоҳ аз шаҳрҳои Душанбе-280 км, Хучанд - 285 км, Панҷакент - 70 км ва Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон 140 км-ро ташкил медиҳад.

Пойгоҳ дорои табиати зебои нотакрори бо тамаддуни муосир омехташуда ва меҳмоннавозии тоҷикона мебошад. Вобаста ба дархости мизоҷони худ утоқҳои муҷаҳҳазро барои истироҳат ва хизматрасониҳои гуногун оид ба сайру саёҳат пешкаш менамояд. Пойгоҳ дорои алоқаи радио, алоқаи мобилӣ ва кормандони пурмасъулият мебошад.

Дар масофаи 40 дақиқа аз Пойгоҳи «Артуч» дар мавзеи зебоманзари “Кӯли Чуқурак” варзишгоҳи табиии кӯҳнавардӣ мавчуд аст, ки дорои имконияти беҳтарин барои такмили варзиши кӯҳнавардӣ дар шароити бароҳат мебошад. Дар он кӯҳнавардони синну соли гуногун машқ карда метавонанд. Дар наздикии варзишгоҳ кӯли зебои дар боло номбурда мавҷуд аст, ки дорои майдони сабз буда, дар он ҷо истироҳаткунандагон ва варзишгарон метавонанд бо оила ва дӯстон вақти хуш гузаронанд. Пойгоҳи сайёҳӣ ҳамасола гурӯҳҳои оилавӣ, сайёҳон ва варзишгаронро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ИДМ ва дигар давлатҳо қабул мекунад.

Пойгоҳ дар байни сайёҳон ва сокинони маҳаллӣ, ки ба кӯҳҳои Фон меоянд, маъмул аст. Шумораи ҳуҷраҳо бо утоқҳо барои ҳар гуна буҷет нишон дода мешаванд. Дар пойгоҳ утоқҳои каммасраф, миёна, хубтар ва инчунин ҷойҳои барои хаймаҳо мавҷуданд.

Пойгоҳ дорои қаҳвахонаи хубу бароҳат буда, меҳмононро бо хӯроки гарм таъмин менамояд. Дар ин ҷо асосан таомҳои болаззату серғизои миллии аз ҷиҳати экологӣ тоза тайёр карда мешаванд. Дигар намуди таомҳо ва таомҳои нисфирӯзӣ ва шом бевосита бо хоҳиш ва дархости мизоҷон тайёр карда мешаванд.

Пойгоҳи Артуч ҳамасола аз 1-уми май то 1-уми октябр фаъолият менамояд.

Марҳамат, тобистонро дар “Артуч” хотирмон гузаронед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД