1xbet
Президент дар Рашт ба 36 оила хонаҳои нави замонавӣ туҳфа намуд
106

Имрӯз, 26-уми август Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба водии Рашт сафар карда, ба 36 оилаи бар асари заминларза зарардида хонаҳои нави замонавӣ туҳфа намуданд.

Бо дастгирии Пешвои миллат дар деҳаи навбунёди ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ барои оилаҳое, ки рӯзи 13-уми апрели соли равон бар асари заминларза манзили зисташон пурра ё қисман вайрон шуда буд, замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, ба 14 оилаи манзили зисташон пурра вайроншуда хонаҳои нави чорҳуҷрагӣ ва ба оилаҳои манзилашон қисман харобгашта 22 хонаи дуҳуҷрадор сохта шудааст.

Ҳамин тавр, Сарвари давлат калиди 36 хонаи нави истиқоматиро ба сокинони ин деҳаи навбунёд супурданд. Хонаҳои нав бо тамоми ашёи рӯзгор таъмин мебошанд.

Дар маҷмуъ бо дастгирии Президент ва Ҳукумати кишвар дар муҳлати 4 моҳ дар деҳоти Қалъаи Лаби Об ва Лангари Шоҳ барои 197 оилаи бар асари заминларза зарардида хонаҳои нави истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Деҳаи навбунёд бо инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла оби нӯшокӣ, роҳ, барқ, бунгоҳи тиббӣ, майдончаи варзишӣ ва дигар иншооти зарурӣ таъмин мебошад. Барои дастрасии аҳолӣ бо оби ошомиданӣ аз масофаи 11 километр хати оби нӯшокӣ оварда шуда, 2500 метр роҳи дохили деҳа пурра мумфарш ва кӯчаҳои он чароғон карда шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД