Имрӯз, 21-уми сентябр президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон ба истифода доданд.
Сарвари давлат сароғоз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Оҳаки Истиқлолро бо иқтидори истеҳсолии 200 тонна дар як шабонарӯз ифтитоҳ намуданд, ки 70 нафарро бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин карда, маҳсулоти истеҳсолии он ба хориҷи кишвар содирот мешавад.
Иншооти дигаре, ки ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд, корхонаи истеҳсоли пахтаи минералии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Дилроз Ғаюр дар шаҳраки Чоруқдарони шаҳри Гулистон мебошад. Бунёди ин корхона имкон медиҳад, ки дар як сол ба миқдори 50 ҳазор тонна пахтаи минералӣ истеҳсол шавад.
Ба кор андохтани ду дастгоҳи нави бофандагӣ дар ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Қолинҳои Қайроққум бо иқтидори 450 ҳазор метри мураббаъ дар як сол иншооти дуюми саноатӣ дар шаҳри Гулистон аст. Таҷҳизоти дар ин корхона васлгардида аз ширкати Вандевили кишвари Белгия буда, дар ин ҷо 20 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Корхонаи парвариши мурғи тухмдеҳ дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон дар заминаи бинои ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Шамс тиҷорат бунёд гардидааст, ки тариқи фосилавӣ бо иқтидори 630 ҳазор дона тухми мурғ дар як моҳ мавриди истифода қарор гирифт.
Ифтитоҳи фосилавии корхонаи истеҳсоли гӯшти мурғ дар шаҳри Гулистон иншооти дигари саноатие буд, ки дар масоҳати зиёда аз 55 метри мураббаъ бунёд шудааст. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сифат мурғ дар як сол 320 тонна гӯшти мурғи аълосифат истеҳсол менамояд.
Дар ҳудуди шаҳри Гулистон ба ҳолати моҳи сентябри соли 2026 зиёда аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд. Дар онҳо 5385 нафар ба кор ҷалб шудаанд.
Бинои навсозишудаи кӯдакистони Садбарг дар шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон дар ҳамин рӯз тариқи фосилавӣ ба истифода дода шуд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ин муассисаи таълимии томактабӣ барои ба тарбия фаро гирифтани 350 кӯдак аз таъмири асосӣ бароварда шуда, дар он барои ташаккули барвақтӣ ва ҷалби кӯдакон ба бозиҳои шавқовару зеҳнӣ шароити арзанда фароҳам оварда шудааст.