Гуфта мешавад, ки омодагӣ ба сафари Президенти Қирғизистон Содир Жапаров ба Душанбе дар ҷараёни мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Жээнбек Кулубаев, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон дар шаҳри Бишкек баррасӣ шудааст. Аммо санаи дақиқи сафар маълум нест.
Тибқи иттилои расмӣ, дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии ду кишвар масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ низ муҳокима гардидаанд.
Масъалаи анҷоми марзбандии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз мавзуҳои дигари баррасишуда дар ин вохӯрӣ будааст. Вазирон таъкид кардаанд, ки ҳалли ниҳоии ин масъала қадами муҳиме ба сӯи таъмини субот ва сулҳи пойдор дар минтақа хоҳад буд.
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷараёни сафари худ ба Қирғизистон дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД), ки дар шаҳри Чолпон-Ота доир шуд, ширкат кард.