arzon replenishment
ПРИТӢ ЗИНТА БА КУҶО ҒАЙБ ЗАДААСТ?
1396

Зиндагинома

Притӣ Зинта, ходими ҷамъиятӣ, ровии телевизион ва яке аз зеботарину ҷаззобтарин ҳунарпешаҳои синамои ҳинд, 31-уми январи соли 1975 дар шаҳри Шимлаи иёлоти Ҳимачал-Прадеши Ҳиндустон, дар оилаи афсари артиши Ҳиндустон Дургананда Зинта ва ҳамсараш Нилпрабҳӣ ба дунё омадааст.

Притӣ духтари ягонаи оила буда, ду бародар дорад: Дипанкар ва Маниш. Яке аз ӯ як сол калон ва дигарӣ як сол хурд мебошанд. Дипанкар касби падарро интихоб карда, ҳоло дар артиши шаҳри Пунаи Ҳиндустон адои вазифа мекунад. Маниш бошад, дар шаҳри Лос-Анҷелоси Амрико умр ба сар мебарад. Вақте Притӣ 13-сола буд, падараш дар як садамаи нақлиётӣ ҷон дод ва модараш сахт маҷрӯҳ шуда, давоми ду сол дар бистари беморӣ хобид.

Вохӯрии тасодуфӣ, аммо тақдирсоз

Хонаводаи Притӣ зуд-зуд ҷои истиқомати худро иваз мекарданд, чунки кори падараш ҳаминро тақозо мекард. Ӯ дар Мактаб-интернати назди ибодатгоҳи Исо ва Марям дар Шимла таҳсил кардааст. Баъди хатми мактаб-интернат, ба Коллеҷи Сейнт Бедес дохил шуда, ихтисоси адабиёти англисро бо баҳои аъло хатм намудааст. Сипас, ба курсҳои иловагӣ аз рӯйи ихтисоси равоншиноси судӣ фаро гирифта шудааст. Притӣ соли 1996 дар зодрӯзи як дӯсташ тасодуфан бо коргардони роликҳои таблиғотӣ шинос мешавад ва бо таклифи ӯ дар ролики таблиғотии “Perk chocolates” иштирок намуда, дари ҳунару санъатро барои худ боз мекунад.

Нахустин нақшу нахустин ҷоиза

Притӣ соли 1997 бо Шекҳар Капур шинос мешавад ва ин коргардони барҷастаи ҳинд, бо маслиҳату машваратҳои худ ҳисси бештари ҳунарпешагиро дар дили духтар бедор мекунад. Худи ҳамон сол Притӣ бояд дар як филми Шекҳар Капур нақш меофарид, вале наворбардории филм ба таъхир меафтад. Баъдан, коргардон фурсатро аз даст надода, ба Притӣ тавсия медиҳад, ки дар филми 20 дақиқагии “Ишқ аз нигоҳи аввал”-и коргардон Манӣ Ратнам нақшофарӣ кунад. Ҳамин тавр, филми “Ишқ аз нигоҳи аввал” нахустин филми нақшофаридаи Притӣ мешавад ва ӯ барои ин нақш ҷоизаи “Filmfare Award”-ро барои беҳтарин нақши занона ба даст меорад.

“Духтари сабукфикр” шӯҳрат овард

Баъдан, Притӣ дар филмҳои “Номи нек”, “Домод аз Бомбей”, “Шоҳзодаи №1” ва “Ба ту мафтун шуд” нақш офарида бошад ҳам, ҳеҷ кадоме аз ин филмҳо мисли филми “Духтари сабукфикр” ба ҳунарпеша шӯҳрат наоварданд. Маҳз ҳамин филми “Духтари сабукфикр” сабаб шуд, ки Притӣ дигарбора ҷоизаи “Filmfare Award”-ро ба даст орад. Соли 2000-ум бошад, дар якҷоягӣ бо Ритик Рошан дар филми ҷангии “Миссияи “Кашмир” нақшофарӣ кард ва филми мазкур дар рӯйхати сердаромадтарин филмҳои соли 2000-ум зинаи сеюмро касб кард.

Притӣ куҷо шуд?

Дар бораи нақшҳои офаридаи Притӣ Зинта дар синамо соатҳо ҳарф задан мумкин аст, зеро мавсуф аз соли 1998 то соли 2014 қариб дар 40 филми синамогарони ҳинд нақшофарӣ кардааст, ки яке аз дигаре ҷолибу диданӣ ва фарқкунанда мебошанд. Бо беҳтарин ва маъруфтарин ҳунармандону коргардонҳои кишвараш ҳамкорӣ кардааст. Ҳамкоронаш аз Притӣ ҳамчун зани қавиирода, устувор ва ғамхору меҳрубон ёд мекунанд. Вақтҳои охир кампайдост ва тамошобинон ӯро дар барномаҳои телевизиониву филмҳо камтар ва баъзан умуман намебинанд. Сабаби якбора камнамо шуданашро ҳунарпеша то кунун шарҳ надодааст.

Ҳаёти шахсӣ

Ҳаёти пасипардагии Притӣ барои ҳаводорони ҳунараш пурра дастрас нест, зеро ӯ низ чун аксари ситораҳо дар ин бора ҳарф заданро дӯст намедорад. Ҳамин қадар маълум аст, ки ҳунарпеша 1-уми марти соли 2016 ба як таҳлилгари молиявӣ бо исми Ҷин Гуденаф аз Лос-Анҷелоси Амрико хонадор шуда, гоҳ дар Ҳиндустону гоҳи дигар дар Амрико зиндагӣ мекунанд. Асосгузори ширкати продюсерии “PZNZ Media” ва дастаи крикетбозони “Kings XI Punjab” мебошад. Бо дастрас кардани иттилои тоза оид ба кору зиндагии шахсии Притӣ Зинта шуморо дар нашрҳои минбаъда огоҳ хоҳем кард.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД