formula
Прокуратураи генералӣ ҳодисаро шарҳ дод
811

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳодисаи фавти табиби беморхонаи “Истиқлол” Муҳаммадалӣ Акрамовро дар як вокуниши худ шарҳ дод. 

Ин ниҳод иттилоъ дод, ки рӯзи 19 майи соли 2023, тахминан соати 14:00 дақиқа, ноболиғ Муродов Бобоҷон Фирдавсович, соли таваллудаш 2005, ки дар автомашинаи мусофиркашонии хатсайри №8, тамғаи “Мерседес- Спринтер”, рақами қайди давлатиаш 86-03 ТТ 05, таҳти идоракунии ронанда Пиров Темур Сироҷиддинович, ба ҳайси ҷамъоварандаи маблағи роҳкиро (кондуктор) фаъолият мекард, ҳангоми дар назди роҳи мошингарди ҳудуди деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакй қарор доштанаш, бо шаҳрванд Акрамов Маҳмадалӣ Сайдалиевич, санаи таваллудаш 12 ноябри соли 1963, сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Зарафшон-1, бинои 2, хонаи 5, ки духтури Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” будааст, дар заминаи муносибати дағалии байниҳамдигарй, муноқиша кардааст.

"Дар ҷараёни муноқиша, Акрамов М.С. ба нақлиёти мусофиркаш нанишаста, ба суроғаи модари Муродов Б.Ф. дашномҳои қабеҳ медиҳад. Ноболиғ Муродов Б.Ф., бинобар аз ҷониби Акрамов М. таҳқир гардидани модараш, бо истифодаи зӯроварй, бо мушти дасти росташ ба рухсораи шаҳрванд Акрамов М.С. зарба задааст. Дар натиҷа Акрамов М.С. ба замини мумфарш афтида, дар натиҷаи бархӯрдани сараш ба он, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст",-навишт ин ниҳод.

Ба иттилои сомонаи Прокуратураи генералии кишвар, баъдан аз тарафи худи ноболиғ Муродов Б.Ф. ва дигар шахсони дар ҷойи ҳодиса ҳузурдошта, духтур Акрамов М.С. барои расонидани ёрии тиббӣ ва табобат ба беморхонаи шаҳраки “Шифобахш”-и шаҳри Душанбе интиқол дода шуда, бистарӣ карда шудааст. Бо вуҷуди ба ҷабрдида Акрамов М.С. дар беморхона расонидани кӯмак ва табобати зарурии тиббй, номбурда санаи 27 майи соли 2023, пас аз 8 шабонарӯз, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

"Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ-тиббӣ аз 30 майи соли 2023, осеби кушодаи рахнашудаи вазнини косахона ва майнаи сар, шикасти хати устухони фарқу чакка аз тарафи рост, ҳамрав бемории фишорбаландии шараёни хун дараҷаи 3, хатари 4, сабаби марги номбурда гардидаанд",-қайд кардааст манбаъ.

Гуфта шуд, ки оиди ҳодисаи мазкур аз тарафи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ноболиғ Муродов Бобоҷон Фирдавсович бо моддаи 110 қисми 3 банди “в” (қасдан ба саломатӣ расонидани зарари вазнине, ки аз беэҳтиётӣ боиси фавти ҷабрдида гардидааст) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда ба ҳабс гирифта шудааст.

Тафтишоти пешакӣ бо парвандаи ҷиноятии мазкур идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД