Фариса Холиқова, хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-и ноҳияи Рӯдакӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» ба гирифтани Шоҳҷоиза шарафёб гардид.
Дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» низ намояндагони ноҳияи Рӯдакӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шуданд. Аз ҷумла дар номинатсияи «Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» хатмкардаи Гимназияи тоҷикӣ-русии ба номи А. С. Пушкин Муҳаммадрофеъ Ёрзода соҳиби ҷойи сеюм гашта, дар номинатсияи «Биология» хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 Азиза Раҷабова ва дар номинатсияи «Химия» хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 Комрон Пиров сазовори ҷойи сеюм гаштанд.
Ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 8-уми декабр ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявиро бо туҳфаҳои хотиравӣ шод гардонд. Аз ҷумла ба барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» - хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 Фариса Холиқова Ифтихорнома ва 25 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ тақдим карда шуд. Ба омӯзгори ин хонандаи фаъол Фарҳод Ҳакимов 7 ҳазор сомонӣ ва ба директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 2 ҳазор сомонӣ тақдим гардид. Волидони Фариса Холиқова бо 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ғолибони ҷойи сеюми даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» Муҳаммадрофеъ Ёрзода, Азиза Раҷабова ва Комрон Пиров бо Сипоснома ва 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд. Волидони онҳо бо 5 ҳазор сомонӣ ва омӯзгорону директорон бо 2 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуданд.
Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода ғолибон, волидон ва омӯзгорони онҳоро бо дастовардҳои намоён табрик гуфта, таъкид кард, ки бо сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардидани озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонию илмдӯстӣ натиҷаи сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Сарвари давлат маҳсуб мешавад. Ин имконият, дастгирӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наврасону ҷавононро водор месозанд, ки беш аз пеш ба хондани осори бузургон, андӯхтани дониш ва омӯзиши фанҳои дақиқ машғул шаванд.