Раиси Суғд ба дидорбинии Фарзона рафт
04.11.2025
Oila.tj
185

Дирӯз, 3-юми ноябр раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба дидорбинии Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ рафтааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, Раҷаб Аҳмадзода зимни мулоқот Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Фарзонаро ба муносибати рӯзи мавлудаш самимона табрик гуфта, ба ӯ тандурустии бардавом ва саодати рӯзгор таманно намудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода саҳм ва хизматҳои шоёни Фарзонаро дар рушди адабиёти муосири тоҷик арзишманд арзёбӣ карда, изҳори боварӣ намудааст, ки эҷодиёти пурмазмуни ӯ минбаъд низ барои тарбияи маънавии ҷомеа ва таҳкими худшиносии миллӣ хизмат хоҳад кард.

Бояд зикр намуд, ки Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона бо ашъори пурмаъно шеъри муосири тоҷикро ҷилои тоза бахшидааст. Маҷмуаҳои шеърии ӯ, аз ҷумла “Барги сабз”, “Тулуъи хандарез”, “Шабохуни барқ”, “Ояти ишқ”, “То бекаронаҳо”, “Меъроҷи шабнам”, “Қатрае аз Мӯлиён”, “Як ғунча роз”, “Муҳри гули мино”, “Сад барги ғазал”, “Саду як ғазал”, “Себарга”, “Парниёни ҷон”, “Ҳама гул, ҳама тарона”, инчунин девонҳои “Найшакар”, “Найсон”, “Ношири баҳор”, “Арғунуни офтоб”, “Модарнома” ва чандин китобҳои дигар дар дохил ва хориҷи кишвар бо истиқболи гарми хонандагон рӯ ба рӯ шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД