Дар меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии раиси вилояти Суғд, раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаб Аҳмадзода бо намояндагони дастаҳои футболи Лигаи дуюм ва дастаи футболи «Эсхата» баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаб Аҳмадзода клуби футболи «Эсхата»-ро ба муносибати роҳ ёфтан ба бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба футболбозону мураббиён ва роҳбарияти даста дар ин рақобати муҳим муваффақият орзу кардааст. Бо мақсади ҳавасмандсозии бозигарон ва дастгирии минбаъдаи даста мукофоти молиявӣ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ ба КФ «Эсхата» тақдим карда шудааст.
Ҳамзамон, ба ҳар яке аз дастаҳои иштирокчии Лигаи дуюм тӯбҳои бренди Molten тақдим гардидааст.
Раҷаб Аҳмадзода ба масъулин ва роҳбарони дастаҳо дастур додааст, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити муосир барои тамрин ва баргузории мусобиқаҳо кӯшиши бештар ба харҷ диҳанд.