goodwell
Раиси вилояти Суғд аз суръати пасти интернет интиқод кард
71

Раиси вилояти Суғд аз суръати пасти интернет интиқод кард

Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, аз сифати хизматрасонии ширкатҳои алоқа ва суръати пасти интернет дар вилоят изҳори нигаронӣ кардааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ин масъала 24-уми сентябр зимни ҷаласаи машваратӣ дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баррасӣ шудааст. Дар ҷаласа, ҳамчунин масъалаи ташкили ситоди ҷамъоварии ҳосили пахта ва дигар масъалаҳои соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ муҳокима шудаанд.

Дар рафти ҷаласа Раҷаб Аҳмадзода суръати пасти интернетро танқид карда, ба масъулони соҳаи алоқа дастур додааст, ки сифати хизматрасонӣ ва суръати интернетро беҳтар намоянд.

Ҳоло дар вилояти Суғд ҳафт ширкати алоқаи мобилӣ фаъолият доранд. Бо вуҷуди эълони ҷорӣ намудани шабакаи 5G аз ҷониби баъзе ширкатҳо, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳо муштариён бештар аз шабакаҳои 3G ва 4G истифода мебаранд.

Масъалаи сифати интернет ва паст будани суръати он дар Тоҷикистон қаблан низ борҳо дар сатҳҳои гуногун мавриди баррасӣ ва интиқод қарор гирифтааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД