goodwell
Раиси вилояти Суғд ба бунёди хатҳои нави истеҳсолӣ санги асос гузошт
01.06.2026
Oila.tj
70

Зимни сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони як қатор корхонаҳои нави саноатӣ шинос шуда, ба бунёди хатҳои нави истеҳсолӣ санги асос гузоштааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар шаҳри Истаравшан бунёду густариши иқтидорҳои истеҳсолӣ вусъати бештар пайдо намуда, барои афзоиши ҳаҷми маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ замина фароҳам меорад. ҶДММ «Сими стандарт» аз ҷумлаи чунин корхонаҳо мебошад, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд фаъолияташро густариш медиҳад. Дар доираи лоиҳа хатҳои нави истеҳсолӣ ба роҳ монда шуда, номгӯи маҳсулоти корхона афзоиш меёбад.

Тавре иттилоъ дода мешавад, дар коргоҳ истеҳсоли навъҳои гуногуни симҳои сохтмонӣ, мехҳои гуногунандоза, симҳои печон ва дигар маҳсулоти зарурии соҳа ба роҳ монда мешавад. Барои ин дастгоҳу таҷҳизоти муосир аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидааст.

Иқтидори истеҳсолии корхона то як тонна маҳсулоти тайёр дар як шабонарӯзро ташкил дода, баъди ба истифода додан то 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин мегарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД