formula55
Рақобати Тими миллии Тоҷикистон бо Варзишгарони араб ва ӯзбек
242

Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо тимҳои миллии Арабистони Саудӣ ва Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон аз 14-феврал то 2- март дар шаҳри Ҷидда тамрин намуда, бо тими миллии Арабистони Саудӣ ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Бозӣ рӯзҳои 26 ва 28 феврал баргузор хоҳад гашт.

Пас аз ин тими миллии футзали Тоҷикистон барои ду бозии дигар бо дастаи мунтахаби Узбекистон ба шаҳри Тошканд сафар хоҳад кард. Мусобиқа бо рақибони ӯзбек рӯзҳои 4 ва 5-март ба нақша гирифта шудааст.

Ёдрас мешавем, ки аввали моҳи феврал футзалбозони Тоҷикистон бо Тими миллии Кувайт ду бозӣ анҷом доданд, ки бо ҳисоби 3:3 ва 2:4 анҷом ёфта буд.
Мусобиқоти “Ҷоми Осиё-2024” дар Тайланд аз 17 то 28 апрел баргузор гашта, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» рӯзи 18- апрел бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ, 20-апрел бо Қирғизистон ва 22-апрел бо дастаи Ҷопон қувваозмоӣ мекунад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Бозиҳои дӯстона рӯзҳои зерин баргузор хоҳанд гашт:

26 феврал (душанбе)
Арабистони Саудӣ – ТОҶИКИСТОН
Ҷидда, Арабистони Саудӣ

28 феврал (чоршанбе)
Арабистони Саудӣ – ТОҶИКИСТОН
Ҷидда, Арабистони Саудӣ

4 март (душанбе)
Узбекистон – ТОҶИКИСТОН
Тошканд, Узбекистон

5 март (сешанбе)
Узбекистон – ТОҶИКИСТОН
Тошканд, Узбекистон

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД