Ман Сайёра, сокини шаҳри Душанбе ҳастам ва ба маслиҳати шумо - хонандагони азиз ниёз дорам.
Ман дар оилаамон духтари ягона ҳастам. Падарам бисёр бадрашк ва сахтгиранд, аз ҳамин сабаб, баъди хатми мактаб ба ягон донишгоҳ дохил шуда натавонистам. Аз тарси падар маҷбур хонашин шудам. Мехоҳам кор кунам, вале падарам на худаш кор мекунаду на мегузорад, ки ман ба кор бароям. Бечора очаам фаррош аст, маоши ночизаш танҳо ба пули барқу об ва орду равған мерасаду халос. Дар мактаби назди хонаамон як моҳ ҳамроҳи модарам фаррошӣ кардам, вале падари бадрашкам “аз гушнагӣ мурдӣ, ки кор мекунӣ?” гӯён, қиёматро қоим карда, маро аз кор гирифт. Дӯғу пӯписа ва рашки падарам ҷонамро ба лабам овардааст. Намедонам чӣ кор кунам.
Духтарҳои ҳамсоя ҳар рӯз либосҳои ранг ба ранг мепӯшанд, ман бошам, ҳатто як куртаи дуруст надорам. Ин гапро аз ҳасад намегӯям, мехоҳам меҳнат карда зиндагии худ ва аҳли оилаамонро беҳтар созам. Намехоҳам аз дигарон кам ва ба як бурда нон зор шуда шинем, аз ҳамин хотир ба шумо муроҷиат кардам, то ба ман ягон маслиҳати судманд диҳед.
САЙЁРА, ш. Душанбе