formula
Равғани бодом дарди гӯши кӯдакро мегирад?
700


Салом! Ман модари чор фарзанд ҳастам. Азбаски мо дар деҳа зиндагӣ мекунем, кӯдаконам тез-тез шамол кашида, гӯшдард мешаванд ва шаб то саҳар гиря карда, намегузоранд, ки як лаҳза ғанаб кунам.

Мегӯянд, ки ба гӯши кӯдак равған чаконӣ дарди гӯшаш гум мешавад. Ин гап ягон асос дорад? Умуман, вақте ки кӯдак гӯшдард мешавад, агар дорӯи гӯшдард набошад, чи кор кардан лозим аст?

Фотима аз н. Темурмалик

Посух
Вазифаи аввалини модар он аст, ки барои паст кардани дарди гӯши фарзандаш чорае андешинда, кӯдакро ором созад. Сабабҳои гӯшдард хеле зиёданд, бинобар ин, пеш аз ҳама гӯши кӯдакро дида бароед. Мабодо ба гӯши фарзандатон чизе даромада бошад, кӯшиш кунед, ки онро эҳтиёткорона аз гӯшаш бароред. Пас аз ин қисмати поёнии гӯши фарзандатон (казелок)-ро бо дастатон оҳиста зер кунед, агар кӯдак нороҳат нашавад ва дод зада, гиря накунад, маълум мешавад, ки дар асл ягон узви дигараш, (эҳтимол дандон ё гулӯи кӯдак) дард мекунад ва дарди гӯшаш осори ҳамон дард мебошад. Гӯши кӯдак чирку зардоб гирифта бошад ва таббаш баланд шавад, ин нишонаи илтиҳоб аст. Дар чунин ҳолатҳо ба кӯдак ҳатман ягон доруи пасткунандаи таб, масалан “Ибупрофен”, “Нурофен” ё «Парацетамол» -и кӯдакона додан лозим аст.
Дар гӯши кӯдак ашёи беруна, захм, варам, чирку зардоб мушоҳида нашавад ва ҳарорати баданаш мӯътадил бошад, метавонед бо воситаи компресс ва давоҳои халқӣ дарди гӯшашро камтар созед.
Дар ёд дошта бошед, ки агар кӯдак табби баланд дошта бошад ва аз гӯшаш чирку зардоб равад, ба ҳеҷ ваҷҳ ба гӯшаш гармӣ бастан мумкин нест, вале ҳарорати баданаш мӯъталид ва гӯшҳояш тоза бошанд, компрес барои халосӣ аз дарди гӯш ёрӣ мерасонад. Тарзи дурусти бастани компресс чунин аст:
Докаи тозаро чанд қабат таҳ кунед ва мавзеи гӯшро бурида, сӯрох кунед. Ба спирти тиббӣ каме об резед, то ҳарораташ 40% шавад ё камтар арақро ба пиёла резед ва докаро дар он тар кунед. Ба гӯши кӯдак каме малҳам-креми бачагона молед, баъд докаи дар спирт ё арақ таркардаро гармогарм ба атрофи гӯшаш гузошта, аз болояш пахта ё селофан гузоред ва бо бинт ё рӯймоли пахтагин бандед. Компрессро тахминан як соат нигоҳ доштан лозим аст.
Давоҳои халқӣ барои дарди гӯш
Барои халосӣ аз дарди гӯш аз давоҳои халқӣ низ истифода бурдан мумкин аст. Метавонед ба гӯши фарзандатон равғани бодом ё равғани чормағз чаконед. Ин равғанҳоро як қатрагӣ дар як рӯз 3 маротиба ба гӯши кӯдак чаконидан лозим аст. Равған бояд на гарму на сард, яъне ширгарм бошад. Гиёҳоби календула низ дарди гӯшро паст намуда, вирусу инфексияро нест мекунад. “Камфорный спирт” ҳам барои раҳоӣ аз дарди гӯш таъсири хуб мерасонад. “Камфорное масло” ҳам чунин хусусиятро дорад. Танҳо як гӯши кӯдак дард кунад ҳам, даворо ба ҳарду гӯшаш чакондан лозим аст, то ки инфексия паҳн нашавад ва фарзанди шумо ба зудӣ аз эҳсоси нороҳаткунанда ва тоқатфарсои дарди гӯш халос шуда, бароҳат бихобад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД