sebiston july new
RC Cola эҳсосоти тоза мебахшад
17.04.2023
PROMO
807

 

Имрӯз мо дар бораи машҳуртарин, болаззаттарин ва маъмултарин нӯшокии дӯстдоштаи кишварамон - RC Cola ҳарф мезанем.

Дар Тоҷикистон ягон чорабиние нест, ки бе ин нӯшокӣ баргузор гардад ва дар тобистон ягон сафари берун аз шаҳр бе он маънӣ надорад. Нӯшокиҳои нерӯбахши RC ба кас таровати деринтизор бахшида, ташнагӣ мешикананд ва баҳонаи хубе барои дидор бо дӯстон мебошанд. Магар болотар аз тамъи лазизи нӯшокии дӯстдошта чизи дигаре буда метавонад, ки дӯстонро мутаҳҳид созад?

Муассиси бренди RC Cola дорусози амрикоӣ Клод Адкинс Хэтчер мебошад. Соли 1905 ӯ тамъи Royal Crown Cola-ро офарид, ки дар саросари ҷаҳон бо номи RC Cola ихтисор шудааст. Ҳанӯз соли 1905, ҳангоме ки дар таҳхонааш тамъи нав эҷод мекард, Клод Адкинс Ҳетчер шояд фикр намекард, ки бренди RC Cola дар тӯли як аср ба нӯшокии маъмултарин ва дӯстдоштаи беш аз 60 кишвари ҷаҳон табдил меёбад.

Бренди амрикоӣ дар ҳамкорӣ бо ширкати "Оби Зулол" дар соли 2000 тарҳи тавлиди нӯшокиҳои ғайриспиртӣ дар Тоҷикистонро роҳандозӣ намуд. Ҳамин тариқ, нӯшокие, ки дар шаст кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Русия, Шветсия, Сингапур, Таиланд, Бразилия, Ҳиндустон ва Исроил истеҳсол мешавад, ба рафҳои мағозаҳои мо ворид шуд. Ширкат принсипи зеринро риоя мекунад: истеъмолкунанда дар ҳар яке аз ин кишварҳо бояд тамъи ҳамон колаи амрикоиро эҳсос намояд.

Тамъи беназири нӯшокии мазкур аз сифати консентрате вобаста аст, ки аз ИМА ворид шуда, бо оби артезиании маҳаллии шаҳри Истаравшан мутамарказ гардида, аз тозакунии бисёрмарҳила мегузарад.

Баръакси ҳамтоёни хориҷӣ, RC Cola шакари табииро истифода мебарад. Аз ин рӯ, тамъи он асил ва гуворо боқӣ мемонад.

Ширкати “Оби Зулол” нӯшокии RC Cola-ро дар зарфҳои ПЭТ, дар зарфҳои шишагӣ истеҳсол мекунад ва аз соли 2022 истеҳсоли нӯшокии дӯстдоштаро дар зарфи тунукагӣ ба роҳ мондааст.

Зиёда аз сад сол гузашт, вале муҳаббати истеъмолкунандагон ба RC Cola кам намешавад. Ҳамчун як нӯшокии асили амрикоӣ, RC ба бренди дӯстдоштаи миллионҳо одамон дар саросари ҷаҳон табдил ёфтааст. Аксарият онро "лаззати озодӣ" мешуморанд. Истеъмолкунандагон аз ин нӯшокии тароватбахши ғайриспиртӣ, ки шахсиятро таҷассум мекунад, баҳра мебаранд.

Бренди RC Cola маҳсулоти санҷидашудаест, ки дар байни истеъмолкунандагон бо сифати хуб, номи машҳур ва тамъи беҳамтоаш шинохта шудааст.

Имрӯз RC Cola дар тамоми ҷаҳон шумораи зиёди тамъҳоро дорад. Аз вуҷуд доштани баъзе аз ин тамъҳо мо ҳатто хабар надорем.

Ширкати "Оби Зулол" дар тӯли фаъолияти худ ҳамеша навоварӣ менамояд, ҳамеша сайъ мекунад, ки ба сокинони кишвар беҳтарин маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ мавҷудбударо ва муҳимтар аз ҳама бо нархи дастрас пешкаш намояд. Бо дарназардошти он, ки истеъмолкунанда пайваста ба чизи нав ва болаззат таваҷҷуҳ дорад, ширкати Оби Зулол нақша дорад, ки дар соли 2023 тамъҳои нави RC Кола-ро дар бастаи тунукагин ба фурӯш барорад:

  • RC Cola Vanilla;
  • RC Cola Coffee;
  • RC Cola Marshmallow.

RC Cola Vanilla маҷмӯи комили тамъи RC Cola бо нармии ванилин мебошад, ки яхмоси классикиро ба ёд меорад.

RC Cola Coffee барои онҳое аст, ки ба нӯшокии дӯстдоштаи худ тамъи қаҳваро, бо лаззати олии RC Cola илова кардан мехоҳанд.

RC Cola Marshmallow барои онҳое аст, ки аз айёми кӯдакӣ хӯрдани зефирҳои ширин, мулоим ва қаймоқӣро дуст медоштанд ва ҳозир ҳам дӯстдорони зефир ҳастанд.

Ин нӯшокиҳои беназир ба миқдори маҳдуд истеҳсол карда мешаванд. Ширкати “Оби Зулол” итминон дорад, ки тамъҳои нави RC Cola бо сифатҳои хоси худ, муштариёни худро пайдо мекунанд ва аз ҷониби истеъмолкунандагони синну соли гуногун гарм истиқбол хоҳанд шуд.

Технологияи баландсифати омодасозӣ, ки шакари тоза, чормағзи кола, накҳати табиӣ ва оби тозаро дар бар мегирад, ба нӯшокиҳои Royal Crown тамъи беҳамтову ғанӣ, нерӯдиҳанда ва тароватбахш ато менамояд.

Намуди зоҳирӣ ва тарҳи бастаҳои, ки ба онҳо нӯшокиҳои нав рехта мешаванд, аз сабаби ҷолибияташон ҳеҷ касро бетафовут намемонанд. Бастаи RC Cola-и нав дар дасти шумо, ҳатто дар байни издиҳоми одамон, шуморо намоёнтар мекунад.

Royal Crown Cola бояд бо маҳсулоти худ ва онҳое, ки нӯшокиро ба истеъмолкунанда дастрас менамоянд, ифтихор кунад. Ширкати “Оби Зулол” стандартҳои баландеро, ки пешрав Клод Хэтчер барқарор намудааст, нигоҳ медорад. Мутмаинем, ки агар Клод Адкинс Хэтчер дар қайди ҳаёт мебуд, бешубҳа бо RC Тоҷикистон ифтихор мекард.

Тамоми маҳсулоти ширкати “Оби Зулол”-ро метавонед дар рафҳои фурӯшгоҳҳои Тоҷикистон таҳти шиори "МАҲСУЛОТИ МИЛЛӢ БО СИФАТИ ҶАҲОНӢ ВА НАРХИ ДАСТРАС" пайдо кунед. Ё ин ки ҳангоми мутолиаи ин мақола, шумо метавонед танаффус гиред ва дастрасии ройгони маҳсулотро тавассути вебсайти shop.obizulol.tj фармоиш диҳед.

RC Cola- маззаи нотакрор!

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Мустафои шоди номери телефонам 907534828 2023-08-21, 11:40
Шархи ман хами Насти ки ами ширкати раскола халаделник меди хаду ба об таъмин намекнад хами заяфчики обзори дехкон обзор як мошинбора оварда дар як магазин медихад мохам аз и ширкат бе пул ё безналич хам намегирем халаделники шумора ман азасабаи наёвардани Оби арсикола ман дигар нами обхора дар халаделниктон задам жарой якбор ман аз шутками арсикола об гирифтан якруз заявка мегирад ба наздикону шиносонаш обо бурда медихад бад як хата пас Оби моро мебиёрад хамин заяфчики обзори дехкон обзор бамо ягон бор накладной намиёрад боро оварда дар хами рияти пеш медихаду мо бошем мерасем арсиколай мо кучошуд моро мегах аз шумо рада хаст лекин заяфчики пеш тара акай Мурод бачай бехтарин буд боро оварда барона ба хама таким мекард аз директори ширкати арсиколай ехтиромона хойш мекунам хамин заяфчики обзори дехкон обзора алиш кунед
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Мустафои шоди номери телефонам 907534828 2023-08-21, 11:40
Шархи ман хами Насти ки ами ширкати раскола халаделник меди хаду ба об таъмин намекнад хами заяфчики обзори дехкон обзор як мошинбора оварда дар як магазин медихад мохам аз и ширкат бе пул ё безналич хам намегирем халаделники шумора ман азасабаи наёвардани Оби арсикола ман дигар нами обхора дар халаделниктон задам жарой якбор ман аз шутками арсикола об гирифтан якруз заявка мегирад ба наздикону шиносонаш обо бурда медихад бад як хата пас Оби моро мебиёрад хамин заяфчики обзори дехкон обзор бамо ягон бор накладной намиёрад боро оварда дар хами рияти пеш медихаду мо бошем мерасем арсиколай мо кучошуд моро мегах аз шумо рада хаст лекин заяфчики пеш тара акай Мурод бачай бехтарин буд боро оварда барона ба хама таким мекард аз директори ширкати арсиколай ехтиромона хойш мекунам хамин заяфчики обзори дехкон обзора алиш кунед
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД