Бино ба иттилои Tengri Sport, варзишгари тхэквондо аз Сеул - Нам Син-Хен ба унвони калонсолтарин нафаре шинохта шуд, ки амалиёти кёкпхаро (шикастани ашё дар ҳаво) иҷро кардааст.
Ин дастоварди ӯ расман аз ҷониби Китоби рекордҳои Гиннес сабт гардида, қайд шудааст, ки ҳангоми иҷрои рекорд синни Нам Син-Хен 60 сол буд.
Кёкпха - санъати шикастани ашё (лавҳа, сафолпора ва ғайра) бо истифода аз техникаи тхэквондо мебошад, ки қувват, дақиқӣ ва ҳамоҳангии ҳаракатро талаб мекунад. Ба гуфтаи мутахассисон, кёкпха танҳо омодагии ҷисмонӣ не, балки диққати баланд ва равони устуворро низ талаб мекунад. Он бештар дар намоишҳои варзишӣ ва мусобиқаҳои тхэквондо истифода мешавад.