Ҳамлагари 40-сола Криштиану Роналду дар бозии даври чаҳоруми интихобии Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 муқобили тими миллии Маҷористон ба задани ду гол даст ёфт. Бозӣ бо ҳисоби 2 бар 2 хотима ёфт.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, ҳоло Роналду беҳтарин голзан дар таърихи бозиҳои интихобии Чемпионати ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Роналду дар 51 бозӣ ба задани 41 гол ноил шудааст, ки рекорди нав ба шумор меравад.
Баъдан Карлос Руис аз тими мунтахаби Гватемала бо 39 гол дар 47 бозӣ ва Лео Месси аз мунтахаби Аргентина бо 36 гол дар 72 бозӣ қарор доранд.