Arzon march 2024
РИАННА БО ШАРОФАТИ КӢ МИЛЛИАРДЕР ШУД?
31.08.2021
Оила
1552

Робин Рианна Фентӣ, овозхон, ҳунарпеша ва тарроҳи 33-солаи барбадосӣ, ки феълан дар Амрико кору зиндагӣ мекунад, расман миллиардер шудааст.

Дар ин бора маҷаллаи “Forbes” хабар дода, сарвати ӯро 1,7 миллиард доллари амрикоӣ арзёбӣ кардааст. Мувофиқи маълумоти пешниҳодкардаи маҷаллаи “Forbes”, овозхон қисми зиёди сарваташро (1,4 миллиард доллар) аз ҳисоби ширкати косметикиаш “Fenty Beauty”, ки соли 2017 таъсис ёфта буд, ба даст меовардааст. Илова бар ин, ӯ 270 миллион доллар саҳмияи ширкати “Savage x Fenty”-ро дар даст дорад, ки ба истеҳсоли тагпӯшҳои занона машғул аст. Қисми боқимондаи сарваташро бошад, Рианна ҳамчун овозхон ва ҳунарпеша ба даст меовардааст.

Феълан Рианна дар шабакаи Инстаграм 101 миллион ва дар шабакаи Твиттер 102,5 миллион нафар обуначӣ дорад ва молу маҳсулоти ширкатҳои зертобеашро бидуни мушкилӣ таблиғ мекунад. Ширкати “Fenty Beauty” бо ширкати фаронсавии “LVMH” ҳамкории зич дошта, ба истеҳсоли маҳсулотҳои хушсифати косметикӣ машғул аст. Рианна аслан зодаи шаҳри Сен-Мишели Барбадос (кишвари ҷазиравие дар қисмати шарқии баҳри Қариб) буда, замони 16-сола буданаш ба Амрико кӯчидааст, то фаъолияти худро дар аввал ба ҳайси овозхон ба роҳ монад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД