arzon replenishment
Ринопластика муфид аст ё бараъкс?
306

 

Дар замони муосирринопласитка ба ҳукми анъана даромадааст. Аз духтурони гӯшу гулӯву бинӣ фаҳмидан мехоҳам, ки чунин ҷарроҳи дар баробари зебоӣ бахшид, чӣ манфиат дорад, зеро дар марҳилаи ҷарроҳи устухони бинӣ тағйир дода мешавад? 

Хоҳишмандам ягон духтури ботарҷриба посух гӯяд.

Ҷаҳоншо, н. Дарвоз

                   Посух ба хонандаи сомона

Хонандаи гиромӣ. Барои робита бо мо изҳори сипос мекунем ва тасмим гирифтем, ки ба саволи шумо ва дигар хонандагони хеш, ки ба унвонии мо ирсол гардидааст, Нозим Шодиев духтур ва ҷарроҳи гӯшу гулӯву бинии Бемористони Ибни Сино посухҳои зерин гуфт:

Ҷарроҳии ринопластика дар баробари зебоӣ бахшид, ба саломатии инсон чӣ манфиат дорад, зеро дар марҳилаи ҷарроҳи устухони бинӣ тағйир дода мешавад?

-Мақсади мутахассисони тиб ҳамеша як чиз солимӣ бахшидан аст. Ринопластика низ барои саломатии шахс, зебогӣ бахшидан ба ҳусни ӯ мебошад.

Мегуфтед, ки чунин ҷарроҳиро аз чанд солагӣ анҷом додан иҷозат аст?

Саволи бисёр ба маврид додед. Дар ин замина қайд кардан ба маврид аст, ки тибқи талаботи амалиёти ринопластикӣ барои духтурон аз 16 ва писарон аз 17 солагӣ иҷозат дода мешавад.

Давраи барқароршавии ин ҷарроҳӣ чанд рӯз аст?

Ёдовар мешавем, ки барои барқароршавии ҷарроҳӣ як рӯз дар беморхона, як моҳ захмбандиҳо ва як сол барқарор шудан вақт лозим аст.

Сипос барои суҳбат

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД