Arzon march 2024
Роҳ ба сӯйи қатъи БПНМ (СПИД)
800

СПИД-ро чӣ гуна метавон решакан кард? – гузориши нави ЮНЭЙДС - Барномаи муштараки СММ оид ба ВНМО/БПНМ роҳи ҳалли онро нишон додааст.

СПИД дар соли 2022 дар ҳар як дақиқа ҷони 1 инсонро дар ҷаҳон рабуда, 1,3 миллион ҳолатҳои нави гирифторӣ ба вируси норасоии масъунияти одам ба қайд гирифта шудааст. Новобаста ба талош ва дастовардҳо дар самти мубориза бо ВИЧ/СПИД, то имрӯз дар ҷаҳон ҳудуди 9,2 миллион нафар мубталоёни ин вирус, бо шумули 43% кӯдаконе, ки бо ВИЧ зиндагӣ мекунанд, табобати зиддиретровирусӣ намегиранд. Агар хар яке мо, аҳли ҷомеа дар ҳамбастагӣ амал карда, бо интихоби роҳи дуруст метавонем ВИЧ/СПИД-ро решакан созем ва ба ҳадафи ниҳоии худ 95-95-95 бирасем. 

Ин нукта дирӯз зимни рӯнамоии гузориши нави ҷаҳонии ЮНЭЙДС дар бораи вазъи эпидемия дар сайёра, ки чанд рӯз қабл дастраси омма гашт, садо дод. Дар чорабинӣ намояндагони ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, созмонҳои хориҷӣ ва дигар идораву муассисаҳое, ки дар самти мубориза бо вируси норасоии масунияти одам фаъолият мебаранд, иштирок карда, масъалаҳои муҳимро аз қабили вазъи кунунии ВИЧ/СПИД дар ҷаҳон ва минтақа, усулҳои наву самарабахши пешгирӣ ва мубориза бо эпидемия, решакан кардани табъиз ва доғгузорӣ нисбат ба гирифторони ин вирус, бекорсозии қонунҳои зарароваре, ки монеи раванди ташхис ва ба табобат фаро гирифтани мубталоёни ин беморӣ мегарданд, мавриди баҳс қарор доданд.  

Аз ҷумла ҷаноби Эймон Мерфи, директори минтақавии ЮНЭЙДС ба таври онлайн ба ин чорабинӣ пайваста шуда, зимни баромади хеш гуфт:  

“Гузориши нави ҷаҳонии ЮНЭЙДС, ки рӯзи 13-июли соли равон дастраси омма гашт, исбот менамояд, ки роҳи решакан кардани СПИД вуҷуд дорад.  Як қатор кишварҳо, аз ҷумла Ботсвана, Эсватини, Руанда, Танзания ва Зимбабе аллакай ба ҳадафи ниҳоии 95-95-95 расидаанд. Дар ин кишварҳо 95%-и мутбалоёни вирус аз холи худ огоҳ буда,  95% табобати зиддиретровирусӣ мегиранд ва дар 95%-и маризоне, ки бо табобати зиддиретровирусӣ фаро гирифта шудаанд, аллакай сарбории вирус номуайян карда шудааст. Албатта ин натиҷаи хеле хуб аст. Хурсандиовар аст, ки 16 кишвари дигар ба ин нишондод наздик шуда истодаанд. Мубориза бо ВИЧ/СПИД дар он кишварҳо ва минтақаҳое натиҷаи дилхоҳ дода истодааст, ки бештар маблағгузорӣ мешаванд. Хушбахтона давлату ҳукумати Тоҷикистон ба ин масъала диққати ҷиддӣ медиҳад. Дар қиёс бо соли 2017 хароҷотҳо аз буҷаи давлат барои пешгирӣ ва мубориза бо ВИЧ/СПИД  қариб се баробар афзудааст ва айни ҳол дар байни мамолики Аврупои Шарқӣ ва давлатҳои Осиёи Миёна Тоҷикистон ягона ҷумҳурие мебошад, ки ба натиҷаи баланди 72-88-87 расидааст. Ин чунин маънӣ дорад, ки дар Тоҷикистон 72%-и шахсоне бо вирус зиндагикунанда аз мавқеи худ хабардор буда, 88%-и афроде, ки дар онҳо вируси норасоии масунияти одам ёфт шудааст, бо табобати зиддиретровирусӣ фаро гирифта шудаанд ва дар 87%-и маризоне, ки пайваста табобати зиддиретровирусиро мегиранд, сарбории вирус аллакай пахш карда шудааст. Албатта ин натиҷаи хеле хуб мебошад, вале барои расидан ба ҳадафи ниҳоӣ 95-95-95 корҳои зиёдеро анҷом додан лозим аст...” 

 

Дар нишасти мазкур ҳамчунин Амирзода Абдухолиқ Амир, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, зикр намуданд ки Тоҷикистон ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли ин мушкилот бетараф набуда, ҳаммаи ҳуҷҷатҳои муҳими Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳидро, ки ба пурзўр намудани фаъолиятҳо баҳри барҳам додани эпидемияи то соли 2030 дар ҷаҳон равона гардидаанд ва яке аз бахшҳои муҳим дар чаҳорчубаи расидан ба ҳадафҳои рушди устувор мебошанд, ҳамаҷониба эътироф ва дастгирӣ менамояд.

Хонума Парвати Рамасвами, намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон қайд намуданд, ки тамғагузорӣ ҷомеаро хароб мекунад, зеро он тарсу ҳарос, ҷаҳолат ва нафратро ба вуҷуд меорад. Аён аст, ки доғи тамға омили асосиест, ки кӯшишҳоро барои мубориза бо пандемия ва ноил шудан ба ҳадафҳои глобалии хотима додан ба СПИД то соли 2030 бозмедорад. Доғи тамға натанҳо мушкилоти гирифторони ВИЧ, балки мушкилоти ҳамаи мост чунки инсонгароӣ ва ҳамбастагии чомеъаро вайрон мекунад.

Дар нишаст ҳамчунин Азиза Ҳамидова, директори кишварии ЮНЭЙДС дар Тоҷикистон, Алиҷон Солиев, ҷонишини директори Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо ВИЧ/СПИД, Абдулаҳад Сафаров, муттахассиси пешбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Тахмина Ҳайдарова, роҳбари ташкилоти TNW+ суханронӣ намуда, зимни баромадҳояшон далелҳои тозатарини раванди мубориза бо ВИЧ/СПИД-ро манзури ҳозирин гардониданд ва андешаҳояшонро дар боби роҳҳои пешгирии хуруҷи нави беморӣ, барҳам задани зӯроварию табъиз ва тамғагузорӣ нисбат ба гирифторони ин вирус, мубориза бо  қонунҳои зарароваре, ки монеи ташхис ва ба табобат фаро гирифтани мубталоёни ВИЧ мегарданд, баён доштанд.

Алиҷон Солиев, хуруҷи СПИД-ро дар Тоҷикистонро шартан ба 3 давра тақсим карда, гуфт:

“Пештар нашъамандони тазриқӣ аз ВНМО бештар сироят меёфтанд, аммо солҳои охир олудашавӣ бо вируси норасоии масунияти одам бо роҳи алоқаи ҷинсӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Сироятёбӣ аз ВИЧ/СПИД махсусан дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ бештар ба назар мерасад, ки сабабҳои асосиаш маълумоти кофӣ надоштани ҷавонон дар бораи ВИЧ/СПИД ва алоқаҳои ҷинсии хавфнок мебошад.” 

Солиев вазъи эпидемиологии ВНМО-ро дар Тоҷикистонро таҳлил карда, афзуд: 

“Аз соли 1991 то 2023 (шашмоҳаи аввали соли равон) дар ҷумҳурӣ 15616 нафар гирифторони вируси норасоии масунияти одам ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 9944 нафарашон мардон ва 5672 нафар занон мебошанд. Хушбахтона ташхиси ҳатмии занони ҳомила ва сари вақт ба табобати зиддиретровирусӣ  фаро гирифтани мутбалоёни ин беморӣ имкон фароҳам овардааст, ки сироятёбии кӯдакон аз модарони гирифтори вируси норасоии масунияти одам коҳиш ёфта, шумораи тифлаконе, ки солим ба дунё меоянд, афзоиш ёфта истодааст. ”  

Айни замон дар шаҳри Душанбе 70 нуқтаи ташхиси ВНМО, дар Хатлон 117, дар Вилояти Суғд 135, дар ноҳияҳои тобеи марказ 96, дар Бадахшон 29 ва дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ 448 нуқтаи ташхисӣ мавҷуд буда, дар ин нуқтаҳо ба таври ройгон ва пинҳонӣ (анонимно) аз ташхис гузаштан мумкин аст.

Қобили зикр аст, ки ғалабаи ниҳоӣ бар ВИЧ/СПИД танҳо дар он ҳолат имконпазир мегардад, ки тамоми аҳли ҷомеа-ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмиллалӣ, ташкилотҳои маблағгузор-донорҳо ва Созмони Милали Муттаҳид аз як гиребон сар бароварда, бо роҳи дуруст ба муқобили ин беморӣ мубориза баранд. Эҳтироми шахсият ва ҳуқуқҳои фардии ӯ, аз байн бурдани табъиз ва доғгузорӣ нисбати гирифторони ВИЧ/СПИД ва ба табобати зиддиретровирусӣ фаро гирифтани шахсоне, ки сироят ёфтаанд, имкон медиҳад, ки мо зудтар ин бемориро мағлуб намуда, ба ҳадафи ниҳоӣ-95-95-95 бирасем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД