formula
Роҳбарони ғайриихтисосро ҷавоб доданд
413

Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон пас аз баргузории санҷиши тахассусӣ ё худ аттестатсияи давлатӣ 12 мудири кӯдакистони ин шаҳр аз вазифа барканор шудаанд. Дар ин бора портали "Halva" аз қавли Манучеҳр Нуров, сухангӯйи Бахши маорифи шаҳри Бохтар иттилоъ додааст.

Номбурда гуфтааст, ки 11 мудир барои ихтисосманд набудан ва 1 мудир бинобар сабаби расидан ба синни бознишастагӣ аз мақомашон сабукдӯш шуданд.

«Аксари мудирон собиқаи калони корӣ дошта, бо ихтисоси омӯзгори фанҳои забон ва адабиёт ба ҳайси мудири кӯдакистон фаъолият мекарданд ва баъд аз барканорӣ ҷобаҷогузории кадрҳо дар шаҳрдории Бохтар идома дорад ва ҳамаи мудирон мутобиқи ихтисосашон ба вазифаҳо таъйин мешаванд», - гуфт Манучеҳр Нуров.

Ба гуфтаи масъулини соҳаи маорифи шаҳри Бохтар, дар самти таҳсилоти томактабӣ мушкилии норасоии кадрӣ мавҷуд набуду нест. Аммо чӣ гуна ин мудирон то ин дам ғайриихтисос фаъолият кардаанд ва то имсол аз санҷиши тахассусӣ (аттестатсия) чӣ тавр гузаштаанд, маълум нест.

Бояд гуфт, ки дар шаҳри Бохтар 19 кӯдакистони давлатӣ, 2 хусусӣ ва 1 соҳавӣ фаъолият мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД