Нимҳимоятгари асосии «Манчестер Сити» Родри (Родриго Эрнандес) барандаи «Тӯби тилоӣ-2024» шуд. Маросими супурдани ҷоиза дирӯз дар Париж баргузор шуд.
Ситораи 28-солаи испании «Сити» дар мавсими гузашта дар 63 бозӣ 12 гол ва 14 ассист ба қайд гирифта, инчунин беҳтарин бозигари “Евро-2024” ва “Ҷоми ҷаҳонии клубҳо-2023” шуда буд.
Бо ба даст овардани «Тӯби тилоӣ» Родри аввалин бозигар дар таърихи «Манчестер Сити» шуд, ки сазовори ин ҷоизаи бузург шудааст. Ӯ инчунин аввалин испанӣ аст, ки аз соли 1960 ин унвонро ба даст овард.
Маросими супурдани ҷоиза дар вазъияти тантанавӣ гузашт ва Родри, ки ба наздикӣ аз ҷароҳати вазнин шифо ёфта буд, бо асобағалҳо вориди саҳна шуд. Дрогба, ки мизбони ин маросим буд, ба ӯ кумак кард, то футболбоз ба минбар барояд.
Родри дар суханронии худ ба мураббиён ва ҳамдастагони худ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки «ин ғалаба на танҳо натиҷаи кӯшишҳои ман, балки дастоварди тамоми мактаби футболи Испания мебошад».
Ёдовар мешавем, ки рақибони Родри дар сегонаи ниҳоӣ Винисиус Ҷуниор ва Ҷуд Беллингем аз “Реал Мадрид” буданд. Аммо, раҳбарияти бошгоҳи “Реал” намояндагони худро ба ин маросим нафиристод ва изҳори норозигӣ кард, ки ҷоиза бояд ба Винисиус мерасид.
Ёдовар мешавем, ки ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ”, ки маҷаллаи France Football таъсис додааст, аз соли 1956 ба ин сӯ ҳамасола супурда мешавад. Аз соли 2010 то соли 2015 ин ҷоиза дар якҷоягӣ бо ФИФА дода мешуд.
Дар таърихи супурдани ҷоиза Лионел Месси аз ҳама бештар «Тӯби тиллоӣ»-ро дорад, ки шумораашон ба 8 аад мерасад. Рақиби ӯ Криштиану Роналду аз ҳисоби шумораи зиёди “Тӯби тиллоӣ” дар мақоми дуюм қарор дорад. Вале аз соли 2003 ба имсол бори аввал на Месси ва на Роналду ба рӯйхати довталабони ҷоиза шомил нашуданд, ки ҳайратовар буд.