goodwell
Роҳи автомобилгарди музднок: моҳияти он ва уҳдадории консессиядор
28

Роҳи автомобилгарди ба консессия супоридашуда – яке аз шаклҳои нигоҳдории роҳи автомобилгард, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консессияҳо» тибқи шартномаи консессионӣ бо пешниҳоди ҳуқуқи истифодабарии самараноки муваққатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (конседент) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё шахсони ҳуқуқии хориҷӣ (консессиядор) барои нигоҳдорӣ ва хизматрасонии роҳи автомобилгард бо назардошти заминҳои ҳамшафати он супорида шудааст.

Роҳҳои автомобилгарди музднок бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, суръат бахшидан ба инкишофи шабакаҳои роҳҳои автомобилгард бо роҳи ҷалб намудани маблағгузориҳои иловагӣ ҷиҳати сохтмон ва истифодаи роҳҳои автомобилгард ташкил карда мешаванд.

Эътироф бояд кард, ки на ҳама дар бобати моҳияти нигоҳдории   роҳи автомобилгард, хоса роҳҳои автомобилгарди музднок маълумоти кофӣ доранд. Бинобар ин, ҳангоми шарҳу тавзеҳи масолили марбут ба роҳҳои пулакӣ баъзан андешаҳои беасос баён мегардад. Қабл аз ҳама бояд зикр кард, ки нигоҳдории роҳ, фаъолият гуногунҷанба буда, аз маҷмӯи корҳои пешгирикунанда оид ба нигоҳубини роҳ, иншооти роҳдорӣ ва қисмати ҷудошуда, унсурҳои беҳдошти роҳ, ташкили бехатарии ҳаракат дар роҳ, инчунин бартараф кардани тағйирёбии ҷузъӣ ва нуқсонҳои қисмҳои таркибии роҳ ва иншооти он дар давоми сол (вобаста ба мавсим) иборат аст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консессияҳо» муносибатҳои вобаста ба консессияро танзим намуда, салоҳияти мақомоти давлатӣ, шарт ва тартиби ба консессия додани объектҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои консессиядор, иҷро ва муҳлати шартномаи консессия, инчунин кафолати дастгирии фаъолияти консессиониро муайян менамояд. Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консессияҳо», фаъолияти консессионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои миллӣ дар асоси принсипҳои қонуният, фоидаи тарафҳо, дахолат накардан ба фаъолияти хоҷагидории консессиядор, ки дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Тавре аз муҳтавои қонун бармеояд, консессиядор ҳуқуқ дорад, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо истифода аз талаботи шартномаи консессионӣ дар қаламрави мавриди истифодааш биною иншоот, роҳҳои фаръӣ, роҳҳои васеи мошингард ва хатҳои алоқаи телеграфу телефон ва ғайраҳо созад, дар мувофиқа бо конседент ва ҳангоми мусбат будани хулосаи экспертизаи экологӣ ба таркиби молу мулк тағйирот дарорад, дар объектҳои консессионӣ корҳои азнавсозӣ, васеъкунӣ ва азнавтаҷҳизонии техникиро, ки арзиши онҳоро зиёд мегардонад, анҷом диҳад ва барои эҳтиёҷоти объекти консессионӣ ва кормандон молу мулк ва маводи зарурӣ ворид намояд.

Замине, ки барои сохтмони роҳҳои автомобилгарди пулакӣ ҷудо карда мешаванд, бояд танҳо ба таъиноти бевосита - барои сохтмон ва истифодабарии роҳи автомобилгард, инчунин ҷойгиркунии иншооти хизматрасонӣ барои истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард истифода шаванд.Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» дар пешниҳод оид ба истифодаи роҳҳои автомобилгард ва ё қитъаи муздноки роҳҳои автомобилгард як қатор омилҳо бояд мадди назар бошанд. Нишон додани нуқтаҳои оғоз ва анҷоми роҳи автомобилгард ё қитъаи роҳи автомобилгард, номгӯйи буриши роҳи автомобилгард бо роҳҳои автомобилгарди дигар ва нуқтаҳои пайвастшавӣ бо роҳҳои автомобилгарди дигар, тавсифи техникии роҳи автомобилгард ё қитъаи роҳи автомобилгард, дарозии роҳи автомобилгард ё қитъаи роҳи автомобилгард, хатсайр, тавсифи асосии техникӣ аз ҳамон ҷумлаанд. Донистан муфид аст, ки тартиби пардохт барои гузаштан аз роҳи автомобилгарди музднок аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар роҳҳои автомобилгарди ба консессия супоридашуда аз ҷониби консессиядор муқаррар мегардад. Пардохти маблағи гузариш аз роҳҳои автомобилгарди ба консессия супоридашуда бо гурӯҳбандии воситаҳои нақлиёт муайян карда мешавад. Гурӯҳбандии воситаҳои нақлиёт аз рӯйи иқтидори борбардорӣ, вазн, ҳаҷму андозаи воситаи нақлиёт, шумораи тири меҳвар ва дигар нишондодҳои техникӣ, инчунин стандартҳои байналмилалӣ муайян гардида, аз ҷониби консессиядор мустақилона муқаррар мешавад.

Тавре аз “хулоса”-и баъзеҳо бармеояд, онҳо иттилои комил надоранд, ки тарифҳои гузариши воситаҳои нақлиёт тавассути роҳи автомобилгарди ба консессия супоридашуда аз ҷониби консессиядор дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатии зиддиинҳисорӣ муқаррар мегардад. Қобили зикр аст, ки соҳибони воситаҳои нақлиёте, ки қоидаҳои гузаришро аз роҳи музднок риоя намекунанд, аз ҷумла ба инфрасохтори роҳи музднок ё консессиядор зарари моддӣ мерасонанд ва ё ба ҳаракати мунтазами воситаҳои дигари нақлиёт монеа эҷод менамоянд, зарари расондашударо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн менамоянд. Нуктаи дигари қобили таваҷҷуҳ он аст, ки консессиядор метавонад дар роҳҳои автомобилгарди ба идоракунии ӯ супоридашуда бо тартиби муқарраргардида таваққуфгоҳҳои музднокро ташкил намояд.

Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки аз пардохти маблағ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди пулакӣ воситаҳои нақлиёти махсус, ки бо дастгоҳҳои махсуси равшанидиҳанда ва садодиҳанда муҷаҳҳаз шудаанд ва барои амалисозии фаъолияти хадамоти зиддисӯхтор, милитсия, ёрии тиббии таъҷилӣ, хадамоти садамавию наҷотбахшӣ, нозироти ҳарбии автомобилӣ ва колоннаи ҳарбии автомобилӣ, ки бо рақамҳои қайди давлатии фарқкунандаи вазорату идораҳои дахлдор истифода мегарданд, озод карда мешаванд. Илова бар ин, оператор оид ба нигоҳдорӣ ва хизматрасонии роҳи зикршуда дар бораи пешниҳоди ҳаракати боимтиёз ё аз тариқи ройгон гузаронидани воситаҳои нақлиёт ба истифодабарандагони категорияи алоҳида ва нисбат ба категорияҳои муайяни воситаҳои нақлиёт қарор қабул намояд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи консессионӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Дар доираи талаботи қонуни мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкатҳои муътабари хориҷӣ ду шартномаи консессионӣ бастааст, ки натиҷаҳои ин иқдом қобили таваҷҷуҳанд. Мутаассифона, баъзе нафарони «аз ҳама кас ва ҳама чиз норозӣ» моҳият ва бартариҳои татбиқи ин шартномаҳоро нодида гирифта, аксар маврид «офтобро бо доман пӯшонидан» мехоҳанд. Биноан, натиҷаҳои ин шартномаҳоро таври мухтасар бозгӯйӣ менамоем.

Ҳамватанони азиз хуб дар хотир доранд, ки соли 2002 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати энергетикии «Помир энержи» шартномаи консессионӣ ба муҳлати 25 сол ба имзо расид, ки он ба пешрафти минбаъдаи ин корхона такони бузург бахшид. Яке аз мақсадҳои ин шартнома дар тӯли 25 сол аз нав таҷдиду барқароркунии тамоми шабакаҳои ҳудуди ВМКБ аз ҷониби Ширкати энергетикии «Помир энержи» аз зердастгоҳ то барқароркунии хатҳои пастшиддату баландшиддат иборат буд. Ҷоиз ба зик­ри алоҳида, аст, ки ширкат дар амалӣ гардидани шартномаи мавриди назар ба комёбиҳои зиёд ноил гаштааст. Тибқи иттилои дастрасшуда, то ба имрӯз 31 фоизи воситаҳои асосии ба ширкат тааллуқдошта пурра азнавсозӣ гашт. Масъулин муътақиданд, ки агар садамаи соли 2007 рух намедод, то ба имрӯз шояд 80 дарсади бандҳо ба иҷро мерасид.

Шартномаи дигари консессионӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ бо Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» баста шудааст. Дар асоси он механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи пулакии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ҷорӣ гардид. Дарозии роҳи Душанбе - Чаноқ 358 километр­ро ташкил дода, масири он аз 3 нақб («Майхӯра» - 897 метр, «Истиқлол» - 4998 метр, «Шаҳрис­тон» -5253 метр), 24 галерея, ҳамчунин 38 кӯпрук иборат аст. Интихоби ин Ширкат тибқи муқаррароти қонунгузории мамлакат ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, шартномаи зикршударо мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонид. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки роҳи Душанбе – Чаноқ аз лиҳози душворгузарӣ махсусияти зиёд дошта, табиист, ки дар чунин ҳолат бисёр ширкатҳои саҳомӣ майли сармоягузорӣ ба чунин роҳро ҷиҳати нигоҳдории он надоранд. Корҳои амалишуда далели бебаҳси онанд, ки дар тамоми ҳолат кормандони филиали Ширкат уҳдадориҳои дар асоси шартномаи консессионӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаашон вогузоршударо дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷой оварданд. Шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ моликияти давлати Тоҷикистон буда, давлат ба хотири таъмини ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт дар тамоми фаслҳои сол тавассути шартномаи консессионӣ ба муҳлати муайян барои нигоҳдорӣ ва истифода ба Ширкати саҳомии IRS додааст. Дар ҳудуди собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шуравӣ мо аз аввалин кишваре ҳастем, ки ба истифодаи чунин механизм иқдом намудаем. Барои дарки дурусти афзалияти он аз ҷониби ҷомеаи кишвар фурсати муайяне зарур буд.

Бо гузашти 16 сол, бо хулосабарорӣ аз корҳои анҷомёфта метавон гуфт, ки мавҷудият ва фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатовар, тақозои замон буда, маҳз ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони он роҳи Душанбе – Чаноқ дар ҳолати хуб қарор дошта, рафтуомади мунтазаму бемонеа ва бехатари шаҳрвандон тариқи он дар тамоми фаслҳои сол таъмин аст.

Бобоҷони НЕЪМАТУЛЛО

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД