formula
Роналду дар китоби Гиннес
1391

 

Ҳамлагари дастаи футболи  «Манчестер Юнайтед» и Португалия Криштиану Роналдуро аз рӯйи шумораҳои зиёди голҳои задааш ба китоби рекордҳои Гиннес шомил намуданд. Дар ин бора худи футболбоз дар саҳифаи инстаграммаш чунин қайд намудааст: «Аз намояндагони китоби рекордҳои Гиннес сипосгузор ҳастам. Рекордсмени ҷаҳонӣ будан мояи ифтихор аст. Мекӯшам аз ин бештар муваффақ гардам!» Санаи 1-уми сентябр Роналдуи 36-сола дар даври чаҳоруми интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 бар зидди тими миллии Ирландия ду гол зад. Дар ҳайати тими миллии Португалия Роналду 111 гол задааст. Роналду яке аз футболбозони беҳтарин дар таърих ба шумор меравад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД