Arzon march 2024
Ронанда пиёдагардро зада кушту гурехт
941

 

Вазорати корҳои дохилии кишвар аз сар задани боз як садамаи нақлиётии марговар хабар додааст, ки бар асари он риштаи умри як бачаи 13-сола канда шуд. Тавре ки манбаъ менависад, ронандаи бачаи ноболиғро бо мошин пахш карда, баъди сар задани ин фалокат ба қойи ба пиёдагарди зери чархи мошин монда ёрӣ расонидан аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст, вале...

Ба иттилоъи ВКД садамаи сархӯр рӯзи 12-уми июн, тахминан соатҳои 17:30 дақиқа сар зада, автомашинаи тамғаи “ Шкода” ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Аҳмади Дониш ба самти кӯчаи Беҳзоди пойтахт, якбора ба самти муқобили роҳ баромада, пиёгарди ноболиғ Абдуллоев Маҳмадулло Бахтиёрович, соли таваллудаш 2008, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст. Ронанда ба ҷойи ҷабрдидаро фавран ба бемористон интиқол додан аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.

Дар паи ин ҳодиса ноболиғ Абдуллоев М.Б. чароҳати вазнини ҷисмони бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои аперативӣ- ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, ронандаи автомшинаи ноболиғро пахш намуда Нуров Мавлоно Миралиевич, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Бохтар дарстгир карда шуд. Татқиқот аз рӯи ҳодисаи мазкур идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД