Arzon march 2024
Ронандаи «Тайота»ро барои аз мошин ба берун партофтани қозақу пучоқи афлесун боздошт карданд
218


Дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси мошини худрав паҳн гардид, ки аз тирезаи мошинаш ба берун пучоқи писта, қогаз мепартояд, ки ин рафтори ронанда гувоҳӣ аз риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ медиҳад.

Баъд аз муроҷиати электронӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт, ронандаи автомашинаи тамғаи "Тайота", рақамҳои қайди давлатиаш 5560TS01, Саидмеҳроҷиддини Ҳотамшоҳ боздошт карда шуд.

Номбурда зимни идораи воситаи нақлиёт боқимондаҳои афлесун, коғазпора ва пучоқи пиставу бодомро дар роҳи мошингард партофтааст. Зимни пурсиш номбурда ба кирдори содир намудаи худ иқрор гашта, изҳори пушаймонӣ намуд. Хабар додааст Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе. 

Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати Саидмеҳроҷиддини Ҳотамшоҳ тибқи талаботи моддаи 112 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД