sebiston july new
Роҳҳои эмин мондан аз зиёни хоби бад
1667

Ман тез-тез хобҳои даҳшатнок мебинам. Дар хобам ягон одами наздикам ба фалокат гирифтор шуда мемирад, маро саг ё мор мегазад ё ба сарам боз ягон балои дигар меояд. Насиҳатҳои модарамро ба хотир оварда хобамро ба об мегӯям, ба паррандаҳо дон медиҳам, аммо дилам ҳеҷ ором намегирад. Ҳар дафъа баъди хоби бад дидан чанд рӯз дарун ба дарун худамро хӯрда мегардам ва дар ҳақиқат ба сарам ягон бадбахтӣ омада, оби дида мерезам. Мехоҳам бидонам, ки барои аз зиёни хоби бад дар амон мондан инсон бояд чи кор кунад?

Мастона, сокини шаҳри Душанбе

Посух
Ба паррандаҳо дон додан махсусан дар фасли зимистон кори савоб аст, вале ин амал зиёни хоби бадро рафъ карда наметавонад. Одам вақте ягон хоби даҳшатнок мебинад, барои аз оқибати бади хоби дидааш дар амон мондан бояд ҳафт ин корҳоро анҷом диҳад:

1. Аз Аллоҳи меҳрубон илтиҷо намояд, ки ӯро аз шарри хоби бади дидааш дар паноҳи худ нигоҳбон бошад ва се бор ин суханонро такрор кунад: Худоё, маро аз шарри шайтони лаин эмин нигоҳ дор!
2. Се бор аз кифти чапаш ба пас туф кунад
3. Намоз гузорад
4. Хоби дидаашро ба ягон кас нагӯяд
5. Кӯшиши таъбир намудани он хоби даҳшатнокро ҳатто барои худ низ накунад.
6. Ҷойи хобашро иваз намояд
Бо риоя намудани ин қоидаҳо худованди меҳрубон шуморо аз зиён ва офатҳое, ки хоби бади дидаатон ба думбол дошта метавонад, нигоҳбон мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД