Arzon march 2024
Ровӣ ва сеҳргаре, ки ба мардум сурур мебахшад
447

Сеҳргар (фокусник) Мақсуд Додоҷонов ҳоло аз ҷумлаи ҷавонони фаъоли кишвар аст, ки яку якбора дар чанд самт фаъолият карда, натиҷаҳои хеле хуб ҳам дорад.

Сеҳргар, ровии радио ва варзишгар аст. Дар Инстаграм, ки майдони хуби муаррифии ҳунару малакаҳо мебошад, 14 ҳазор обуначӣ дорад ва пайваста барои онҳо аксу наворҳои гуногуну ҷолиб аз ҳаёту кораш нашр мекунад.
Ӯ ҳамчун сеҳргар дар театр кор кардааст. Ҳамчунин, бо даъват барои хушҳолии мардум фармоиш мегирад ва дар маконҳои гуногун анвои гуногуни сеҳрро нишон медиҳад. Рӯҳу ҷисмаш ба варзишгар буданаш шаҳодат медиҳанд ва ба ин кор аз хурдӣ машғул аст. Илова бар ин, ровии “Love Radio” дар Тоҷикистон аст, ки бо чеҳраҳои саршиноси кишвар суҳбат мекунад.

Ин ҳама кору муваффақияти ӯро дида, фаҳмидем, ки барои ҳаводоронаш, махсусан пайгиронаш дар Инстаграм ҷолиб аст, ки Мақсуд пеш аз машҳур шудан чӣ гуна буд.

Мавсуф дар суҳбати кутоҳ ба мо доир ба ҳаёти пеш аз машҳуриаш чунин гуфт:

- Қабл аз машҳуру то андозае шинохта шудан, ба он коре машғул будам, ки ҳоло машғулам. Яъне, варзиш, омӯзиш ва сеҳр. То андозае ба варзиш машғул мешудам, ки пеш аз ҳама барои саломатӣ ва зебоиву ҷавониро ҳифз кардан мусоидат мекунад. Аз омӯзиш ҳеҷ гоҳ канор нарафтаам, зеро одами донишманд дар ҳамаҷо азиз аст ва дар дилхоҳ ҳолат мавқеашро дуруст пайхас карда, онро баён мекунад. Яъне, чӣ қадар муҳим будани донишро дар ҳаёти инсон хуб медонам. Ҳамчунин, кори сеҳргарӣ ва фаъолият дар театр ба ман хеле писанд буду ҳаст. Асосан, ман одаме ҳастам, ки ҳаётамро аз рӯйи нақшаҳои пешакиам мегузаронам. Яъне, ман 10-15 сол пеш медонистам, ки дар кадом ихтисос таҳсил мекунаму ба кадом корҳо машғул мешавам ва имрӯз чунинам.
                                                                                                          Ҳамсуҳбати мо нақл мекунад, ки аз 5-солагиаш ба тамошои сеҳргарони чинӣ мерафт ва ба ҳар амали онҳо таваҷҷуҳ мекард. Чун падараш низ сеҳргар аст, ба писараш ин пешаро омӯзонидааст. Инак, 6 сол мешавад, ки Мақсуд “фокусник”-и касбӣ аст.
Сеҳр намудҳои зиёде дорад ва ӯ аз анвои зиёди он огоҳ буда, то андозае онҳоро дар театру чорабиниҳо анҷом медиҳад.
Агарчи ҳамсуҳбати мо ҳуқуқшинос аст, аммо ҳоло ҳамчун сеҳргар ва ровӣ фаъолият мекунад. Ба андешаи Мақсуд, сеҳр ба мардум дилхушӣ мебахшад. Ҳоло ӯ дар кишвар дар сафоратхонаҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, мактабҳои хусусӣ, литсейҳо ва гимназияҳои шаҳр ва берун аз он “фокус”-ҳои худро нишон медиҳаду дар радио бо меҳмонону шунавандагонаш ҳамсуҳбат мешавад. Дар умум, ӯ кори дӯстдоштаашро анҷом медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД