Sebiston new 2024 october
Рози пирдухтар Қисми 1
1940

 

Хешу бегона ба пешонаи ман тамғаи пирдухтарро задаанду ман инро гоҳ-гоҳ мешунавам, аввалҳо аҳмият намедодам, худам медонистаму дарду сиру асрорам, аммо оҳиста-оҳиста ин сир маро бемору асабӣ кард.

Баъди чанд шаби бехобӣ қарор додам то дарди диламро ба хонандагони ҳафтавори дӯстдоштаам «Оила» бигӯям, шояд дардам сабуктар мешавад…

Ман дар оилаи миёнаҳол ба дунё омадаам, модарам омӯзгор ва падарам ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ аст. Дар оила ду нафар ҳастем ман ва додарам, волидонам ба душвории зиндагӣ нигоҳ накарда, шабу рӯз талош мекарданд, ки мо аз чизе танқисӣ надошта бошем. Ману додаракам дар фазои орому осудаи оилавӣ хушбахтонаю дӯстона ба воя мерасидем. Дар байни хешу табор ва ҳаққу ҳамсоя оилаи мо оилаи намунавӣ ба ҳисоб меравад, баъди хатми мактаб ман Донишгоҳи омӯзгориро хатм кардааму имрӯз кор мекунам, додарам низ дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи пойтахт мехонад. Байни мардум ман чун духтари соҳибҷамолу ҳунарманд ва маълумоти олидор ном дораму хостгорони хуб низ дарамонро мекӯбанд, вале ман шавҳар карда наметавонам. Мардуми аз дарди дили ман бехабар онро ҳар гуна шарҳ медиҳанд, волидонам низ ҳайронанд, ки чаро ман хостгорони хубро рад кардам, аммо сирри нангине дорам, ки онро танҳо ман медонаму Худованд…

Аёми кӯдакӣ ва наврасӣ ман духтари хуб ва намунаи дигар ҳамсинфҳо, яъне ҳақонӣ «духтари муаллима» будам. Дар мактабе, ки мехондам, модарам он ҷо кор мекарданд ва кӯшиш ба харҷ медодам, ки маро ҳамеша барои дигарон намунаи ибрат биёранд. Хуб мехондаму интизоми олӣ доштам, ҳама аз ман розӣ буданд. Дар синфи ҳафту ҳашт аллакай аз уҳдаи пӯхтани хӯроку шириниҳо мебаромадаму тозаю тамиз намудани хонаю дар низ ба зиммаи ман буд. Модари оқилаам маро аз хурдӣ ба зиндагии мустақил тайёр мекард, дар мактабу маҳал як дугона доштам Сабрина, ки мисли худам аз оилаи зиёӣ ва ботамиз буд. Мо оҳиста-оҳиста қад кашида, ба духтарони соҳибҷамол табдил ёфтем ва дар синфи ёздаҳум ғайри ману Сабрина дигар ҳамаи ҳамсинфонамон дӯстдошта доштанд. Дар дили ман ҳам ин эҳсосоти ширин пайдо шуда буд, вале онро бо тамоми ҳастӣ пинҳон менамудам, зеро намехостам чун духтари кавалердор шинохта шавам. Гузашта аз ин модарам ҳамеша таъкидам мекард, ки “ба фанду фиреби ҷавонон дода нашав, ту бояд аввал хонӣ, ишқу муҳаббат ва шавҳар гурехта намеравад”. Ман насиҳатҳои модарамро чун ҳалқаи заррин ба гӯш кардам, вале ягон насиҳат метавонад ин эҳсоси олиро аз дили инсон бадар созад?

Ҳамсинфам Фирдавс, ки қоматбаланду сафедпӯст буду чашмони қаҳваранги дилшикор дошт, бо нигоҳҳои таҳдораш диламро кайҳо шайдои худ намуда бошад ҳам, равшан изҳори ишқ намекард. Ман ба нигоҳҳои ӯ бо табассуми ширин ҷавоб медодаму аз лолии забони дилаш ҷонам месӯхт. Мо ду нафарӣ дар як моҳ ду бор дар синф навбатдор мешудему ба тозагии он вазифадор будем. Дар навбатдорӣ низ ҳамроҳи ман Сабрина буд, вале як рӯз ӯ бемор шуда, ба мактаб наомаду ман танҳо навбатдор будам. Ҳамсинфонам сумкаҳояшонро бардошта, ба хона рафтанду ман ба тоза кардани синф оғоз намудам, зеро баъди як соат басти дуюм оғоз мегардиду мо бояд синфи тозаю озодаро ба онҳо месупоридем. Корро нав сар карда будам, ки Фирдавс пайдо шуда, сатилро гирифта берун рафту об оварда, ба гулҳо рехтан гирифт. Байни мо хомӯшӣ ҳукмфармо буд, баъди ба анҷом расонидани кораш Фирдавс гуфт:

- Шогуна ман туро дӯст медорам ва ба занӣ мегирам.

Аз ин гуна изҳори ишқи подарҳаво хандаам омад, зеро ман китобҳои бадеии зиёде хонда будаму изҳори муҳаббатро дигаргуна орзу доштам.

-Чӣ механдӣ,- каме ранҷида гуфт Фирдавс,-охир ту ҳатто намегӯӣ, ки ту маро дӯст медорӣ ё не?

-Ҳоло мо кӯдакем, ту бошӣ, дар бораи зангирӣ гап зада истодаӣ,- гуфтам дар ҷавоб. Фирдавс аз оилаи сарватманд бошад ҳам, хеле хоксор буд, бо сари хам гапашро давом дода гуфт:

-Ман ба Маскав барои хондан меравам, азбаски писари калонӣ ҳастам, модарам мегӯяд, ки баъди хатми курси аввал хонадорат мекунам. Ман ба ӯ гуфтам, ки дӯстдошта дорам, аммо номатро нагуфтам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД