goodwell
Рулети мурғӣ бо кабудӣ
22.08.2026
Oila.tj
45

Маҳсулоти лозима:

700 грамм гӯшти мурғ, 3–4 дона сирпиёз, 1 бандча ҷаъфарӣ, 1 бандча шибит, 1,5 қошуқи ошхӯрӣ желатин, 1 қошуқча намак, қаланфури сиёҳ мувофиқи табъ.

Тарзи таҳия:

Гӯшти мурғро ба қисмҳои хурд реза кунед. Кабудиҳоро майда ва сирпиёзро кӯфта, реза кунед. Ҳамаи маҳсулотро бо ҳам омехта, намаку адвиёт ва желатин илова кунед. Желатинро пешакӣ тар кардан лозим нест. Омехтаро 25 дақиқа нигоҳ доред, то желатин дам кунад. Баъдан онро ба рӯйи фолга ё дар халтаи махсус гузошта, зич печонед ва канорҳояшро маҳкам кунед. Дар тафдони то 180 дараҷа гармшуда 40–45 дақиқа пазед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД