Commerc banl
Рустам Ятимов-гаронбаҳотарин дарвозабон дар Осиёи Марказӣ
26.02.2026
Оила
59

Рустам Ятимов-гаронбаҳотарин

дарвозабон дар Осиёи Марказӣ

Дарвозабони овозадори тоҷик Рустам Ятимов дар раддабандии нави гаронбаҳотарин футболбозони Осиё, ки Transfermarkt нашр намуд, дар зинаи 6 қарор гирифта, гаронтарин дарвозабон дар Осиёи Марказӣ эълон шудааст. Арзиши Ятимов 1,80 млн евро арзёбӣ мешавад.

Зинаи аввалро дар ин раддабандӣ дарвозабони 23-солаи тими “Парма”-и Италия Дзайон Судзукии ҷопонӣ ишғол намудааст, ки арзишаш 20 млн евро мебошад.

Дар зинаи дуюм дарвозабони "Сент-Трюйден" Лео Кокубои 25-сола аз Ҷопон бо арзиши 4 млн евро қарор дорад.

Зинаи сеюмро дарвозабони дастаи "Ванкувер Уайткэпс" Ёхэй Такаокаи 29-сола бо арзиши 3,50 млн евро ишғол кардааст.

Зинаи чорумро бошад, дарвозабони 29-солаи дастаи "Кремонезе" –Италия Эмил Аудеро бо арзиши 3,20 млн евро соҳиб шуд.

Дар зинаи панҷум дарвозабони дастаи "Санфречче Ҳиросима" Кэйсукэ Осакои 26 сола ва дарвозабони 33-солаи "Леванте" Мэттю Райани австралиягӣ қарор доранд, ки нархи ҳар кадом 2 млн евро будааст.

Зинаи шашумро Рустам Ятимов, дарвозабони 27-солаи тоҷик, ки дар дастаи "Ростов"-и Русия бозӣ мекунад, бо арзиши 1,80 млн евро ишғол намудааст. Ятимов дар байни дарвозабонҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама гаронбаҳотарин дарвозабон ба шумор меравад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД