sebiston july new
Рустам Ятимов соҳиби «ТОЙОТА КОРОЛЛА»шуд
440

Ба дарвозабони машҳур мошин тӯҳфа карданд

Имрӯз дар маркази хизматрасонии Тойота Душанбе маросими тантанавии супоридани калиди автомобили нави тамғаи «Toyota Carolla», соли бароришаш 2023 ба дарвозабони бошгоҳи футболи «Истиқлол» ва тими миллии Тоҷикистон Рустам Ятимов баргузор гардид. Дар ин бора сомонаи расмии тими “Истиқлол”- Душанбе хабар додааст.

“Аз ҷониби роҳбарияти бошгоҳи футболи «Истиқлол» ба Рустам Ятимов калиди мошинро директори генералии ширкати «Тоҷ Моторс», дилери расмии ширкати «Тойота» дар Тоҷикистон Аҳмадҷони Муҳаммад супорид”- навиштааст манбаъ.
Ёдрас мешавем, ки Рустам Ятимов бо ҳунару маҳорати волояш дар чемпионати Ҷоми Осиё-2023 дили миллионҳо мухлисони футболро шод намуда, сазовори чунин тӯҳфаи арзишманд гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД