Oila 5 years
Рустами Эмомалӣ ғолибони Бозиҳои 19-уми осиёиро қадрдонӣ кард
1134

Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷоизадорони 19-умин Бозиҳои Осиёиро ба ҳузур пазируфт.

Раиси шаҳр варзишгаронро барои ноил гардидан ба медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ дар 19-умин Бозиҳои Осиёӣ дар шаҳри Ҳангжоуи Чин ва баланд бардоштани парчами Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.

Ҳамчун нишони қадрдонии Раиси шаҳри Душанбе, ба Сомон Маҳмадбеков (ҷудо) ва Давлат Болтаев (бокс) калидҳои хонаи 3 ҳуҷрадор, ба Темур Раҳимов (ҷудо) калиди хонаи 2 ҳуҷрадор ва ба Беҳрӯз Хоҷазода (ҷудо), Хайрандеш Муродзода, Ҳақназар Назаров (кураш) ва Миҷгона Самадова (бокс) калидҳои хонаҳои 1 ҳуҷрадорро тақдим намуданд.

Хотиррасон менамоем, ки Бозиҳои 19-уми Осиёӣ аз 23-юми сентябр то 8-уми октябри соли 2023 дар шаҳри Ҳангжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид ва варзишгарони мо аз онҷо бо 7 медал - ду тилло, як нуқра ва чор биринҷӣ ба ватан баргаштанд.

Дар охир муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба варзишгарон барои ширкат дар мусобиқаҳои оянда барору музаффарият таманно намуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД