Arzon march 2024
РӮЙХАТ: Кадом сарояндаҳо аз андоз қарздоранд?
553

Кумитаи андози Тоҷикистон тариқи нашрияи соҳавии худ – “Боҷу хироҷ” рӯйихати сарояндаҳое, ки аз андоз қарздоранд, нашр кард.

Гуфта мешавад, ки онҳо фаъолияти худро тибқи қонунгузории соҳаи андоз ба роҳ мондаанд, аммо барои сари вақт ва дар ҳаҷми пурра пардохт накардани андозҳои муқарраршуда дар назди буҷет қарздор мондаанд.

Ба иттилои рӯзнома ба ҳолати 1 январи соли 2024, маблағи бақияи қарзи андозҳои сарояндагон зиёда аз 570 ҳазор сомониро ташкил медод. Дар натиҷаи корбарӣ ва чораҷӯиҳои мақомоти андоз, аз ҳисоби сарояндаҳои қарздор ба буҷет ба маблағи 68 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд.

Кумитаи андоз рӯйхати сарояндагонеро, ки фаъолияти худро тибқи қонунгузории соҳаи андоз ба роҳ мондаанду вале барои сари вақт ва дар ҳаҷми пурра пардохт накардани андозҳои муқарраршуда дар назди буҷет қарздор мондаанд, ба ҳолати 23 феврали соли 2024 дар рӯзнома нашр кардааст.

Ҳамин тавр, Ҷамила Каримова (81398 сомонӣ), Файзалӣ Умаров – 57687, Сангалӣ Мирзоев -10619, Манижа Бобоева – 2992, Баҳром Ашуров – 104272, Алишерхон Ибодуллаев -19317, Бахтовар Маҳмудов – 20120, Шаҳноза Қосимзода – 3963, Оҳунҷон Ҷураев – 3637, Умедҷон Зиёев – 7260, Шарофиддин Ёрматов – 23485, Зафарҷон Гулматов – 43275, Раҳимбой Тошев – 3301, Машрап Раҷабов – 14019, Соҳибҷон Кенҷаев – 31248, Рустамҷон Фозилов – 5430, Иброҳим Бобоҷонов – 2178, Мубинҷон Холиқов – 4481, Ғолибҷон Юсупов – 5014, Дилшод Айматов – 35056, Шаробиддин Холмирзоев – 7799, Ҷавоҳир Назаров - 7608 ва Ораз Исмоилов - 5625 сомонӣ қарздоранд.

Дар миёни ин сарояндагон исми ду ҳунарманди шинохта Сангалӣ Мирзоев ва Ғолибҷон Юсупов низ аст, ки аввалӣ 10 619 ва дуюмӣ 5014 сомонӣ қарздоранд. Назари сарояндагон ба рӯйхат маълум нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД