formula
Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон
241

 

Бо мақсади рушду густариши минбаъдаи равобити мутақобилан судманди фарҳангии байни Тоҷикистону Туркманистон аз 2 то 5-уми апрели соли ҷорӣ Рўзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Маросими ифтитоҳи Рўзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон ва консерти устодони санъати Туркманистон 3-юми апрели соли 2024, соати 16:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ баргузор мегардад.

Дар ҳошияи рӯзҳои фарҳангӣ рӯзи 4-уми апрел, соати 10:00 ифтитоҳи намоиши мусаввара ва намунаи ҳунарҳои мардумии Туркманистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир хоҳад гашт.

Дар ҷараёни баргузории Рўзҳо мулоқоти роҳбарони ду кишвар бобати тавесаҳои минбаъдаи фарҳангӣ дар назар аст.

Дар идомаи Рўзҳо 4-уми апрел барномаи муштараки консертии устодони санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон - «Шоми дӯстӣ» дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» баргузор мегардад.

Иштирокчиёни Рўзҳои фарҳангӣ 5-уми апрел аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ боздид намуда, барномаи фарҳангии худро манзури тамошобинон мегардонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД