Рӯзҳои наздик барф меборад
01.11.2025
Оила
490

 

Дар Тоҷикистон рӯзҳои 3-4-уми ноябр ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Дар кӯҳҳо барф борида, раъду барқ ​​ва шамоли сахт (то 15-20 м/с) ба амал меояд.

Дар минтақаҳои кӯҳсор ва доманакӯҳҳо ҳарорати ҳаво якбора 9—11 дарача паст мешавад.

Бино бар иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, шоми 3-юми ноябр ва шаби 4-уми ноябр дар баъзе ноҳияҳо боришоти шадид дар назар аст. Дар минтақаҳои кӯҳӣ омадани сел имконпазир аст.

Аз 3 то 5 ноябр дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва қисман дар вилояти Суғд бар асари тӯфони чангу ғубор афзоиши ифлосшавии ҳаво дар назар аст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД