Сӯхторе, ки шаби гузашта дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд рух дод, ба истифодаи нодурусти зарфи таҷҳизоти гази моеъ рабт дода мешавад. Дар ин бора идораи сӯхторнишонии шаҳр хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи ҳодиса соҳиби манзил бо ҷароҳати сӯхтагии дуфоиза дар беморхона бистарӣ шудааст. Ҳамзамон, зимни амалиёти наҷотдиҳӣ 31 нафар аз дуди ғализ берун оварда шуда, молу амвол ба маблағи беш аз 2,7 миллион сомонӣ аз нобудшавӣ наҷот дода шудааст.
Мақомот хабар медиҳанд, ки сӯхтор бидуни талафоти ҷонӣ бартараф карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳодиса дар бинои 11-уми маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд рух дода буд.