Arzon march 2024
Сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои табобати сулфа
1161
 Ба фаро расидани фасли тирамоҳ бемориҳои роҳҳои нафас авҷ мегиранд. Аксари хонандагони сомона имрӯзҳо аз хуруҷи сулфа шикоят мекунанд. Барои посух гирифтан ба саволҳои хонандаамон мо аз тибиби пулманолог Маҳмудҷон Ғафоров хоҳиш кардем, ки дар бораи намудҳои сулфа ва роҳҳои табобати он каме маълумот диҳанд.
 
-Ин шабу рӯзҳо шумораи гирифторони сулфа хеле зиёд шудааст. Сабаби инро шумо ҳамчун табиб дар чӣ мебинед?
-Одатан сулфа бо сабаби шамолкашии узвҳои болоию поёнии нафас зимни бемориҳои сироятӣт аз қабали зуком, бронхит, пневмония, сил, астма, тромбоэмболияи артериалии шуш ва саратони шуш сар мезанад. Бемориҳои лорингит, фарингит ва ренит низ боиси сулфа кардани инсон гашта метавонанд. Баъзан бемориҳои дил ва рагҳои хунгардӣ он, норасоии кори дил, аллергия ва касалиҳои асаб ҳам касро ба сулфа гирифтор месозанд.
 
-Аслан сулфа дар бадали як ҳафта ё даҳ рӯз шифо меёбад, вале баъзан як-ду моҳ тӯл мекашад. Сабабаш дар чист?
 
-Аз рӯйи давомнокиаш сулфаро ба 3 намуд ҷудо мекунанд: сулфаи шадид, ки маъмулан дар 1-2 ҳафта мегузарад, сулфаи тӯлонӣ, ки то ду моҳ тӯл кашида метавонад ва сулфаи кӯҳнашуда (хронический). Дар сурати бо қабули доруҳои сулфа ҳам паст нашудани шиддати сулфаи бемор ва беш аз ду ҳафта тӯл кашидани беморӣ ҳатман ба тибиби пулмонолог муроҷиат карда, аз ташхиси пурра гузаштан лозим аст, чунки сулфаи давомдор метавонад нишонаи бемориҳои ҷиддӣ бошад.
 
-Сулфаи бар асари зӯком пайдо шударо аз бронхит ва пневмония чи тавр фарқ кардан мумкин аст?
 
-Барои ин ба хислати беморӣ аҳамият додан лозим аст. Сулфа аз шамолшакӣ ва зӯком пайдо шуда бошад, табби бемор баланд шуда, димоғаш маҳкам мешавад. Гулӯ мехорад, оби бинию оби чашмони мариз мешоранд ва сулфаи хушк мезанад. Бемори ба бронхит ва ё пневмония гирифтор шударо оби чашму оби биниаш намешорад, аммо таббаш хеле баланд шуда, дар қафаси сина эҳсоси дарди кунд пайдо шуда метавонад.
 
-Барои табобати сулфа аз дорӯхона доруи сулфа харида хӯрдан кифоя аст ё ҳатман бояд ба духтур муроҷиат кард?
 
- Ман ҳамчун табиб бе иҷозати духтур дору харида хӯрданро маслиҳат намедиҳам, чунки дорӯҳои худсарона қабул кардаи мариз бе ҷойи фоида баръакс зарар расонида метавонанд. Барои табобати дуруст аввал сарчашмаи бемориро аниқ кардан лозим аст, бинобар ин, ман ҳамчун табиб маслиҳат медиҳам, ки ба духтури терапевт ё пулманолог муроҷиат карда аз ташхис гузаранд. Табиб аз рӯйи натиҷаи ташхис ва аломату нишонаҳои беморӣ доруҳои пасткунандаи шиддати сулфа ва балғамбарор мефармоянд. Баъзеҳо одат кардаанд, ки аз чанд доруи фармудаи табиб танҳо 2-3 тоашро мегиранд. Ин кор хато аст. Барои натиҷаи хуб додани табобат доруҳои фармудаи табибро ба пуррагӣ гирифтан лозим аст.
 
-Бронхит ва пневмонияро дар шароити хона табобат карда мешавад?
 
-Ин ба шиддати беморӣ вобастагӣ дорад. Ҳолати умумии бемор мӯътадил ва бемориаш чандон хавфнок набошад, метавонанд ба реҷаи бистарӣ риоя карда, дар хона сӯзандорӯ ва доруҳои дигари фармудаи табибонро бигиранд, вале аҳволи бемор бадтар шавад, дар беморхона бистарӣ кардан лозим меояд. Як чизро таъкид карданиям, ки агар мариз ба бронхит гирифтор бошад, доруҳои пасткунандаи шиддати сулфаро истифода бурдан лозим нест, чунки ин намуди дорувор сулфаро кам карда, монеъи баромадани балғам аз шуш ва роҳҳои нафас мегардад. Дар ин ҳолат давоҳоеро истифода бурдан лозим аст, ки балғамро тунук карда, аз шуш мебароранд. Вақте ки вуҷуди бемор аз балғам пок шуд, сулфа худ аз худ гум мешавад.
 
-Дар оғоз шумо гуфта гузаштед, ки сулфа аз бемориҳои асаб ҳам пайдо шуда метавонад. Дар ҳамин бора каме маълумот медодед?
 
-Оре, сулфа метавонад аз асаб ҳам пайдо шавад. Табиб, агар пайхас кунад, ки сабаби сулфидани мариз сироятёбӣ аз зукому ОРВ ва ё шамолкашии роҳҳои нафас нест, беморро ба назди асабшинос равон мекунад. Баъзе маризон дар чунин ҳолатҳо ба ғазаб меояд, ки ман месулфам, вале маро назди духтури асаб равон карда истодаанд, ин магар масхаракунӣ нест?! Ба чунин маризон гуфтаниям, ки кори бонизоми организми инсон ба тамоми узвҳояш вобастагӣ дорад ва итллатҳои асаб ҳам ба пайдо шудани сулфа сабаб гашта метавонанд, барои ҳамин ҳатман аз назорати асабшинос гузаранд ва давоҳои тавсия кардани табибро бигиранд.
 
-Сулфаро бо гиёҳҳо ва давоҳои халқӣ ҳам табобатк арда мешавад? -Дар ҳақиқат гиёҳҳои табиӣ дар табобати сулфа таъсири хеле хуб мерасонанд. Шахсоне, ки аз сулфаи хушк азият мекашанд, агар аз кокутӣ, пудинаи кӯҳӣ ва раҳдавак барои худ давои алафӣ тайёр карда нӯшанд, ҳолашон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Тарзи тайёр кардани давоҳои алафӣ хеле осон аст. Ҳамагӣ як-ду қошуқ гиёҳ, масалан раҳдавак ё кокутиро дар чойник андохта, аз болояш ду истакон оби ҷӯшидагӣ мерезед ва болояшро пӯшонда, тахминан як соат нигоҳ медоред, баъдан гиёҳобро аз дока полонда тахминан 15-20 дақиқа пеш аз хӯрок ним истаконӣ дар як рӯз 3-4 бор менӯшед. -Мегӯянд, ки шири буз ба сулфа даво аст. Рост аст?
 
-Оре, шири буз барои касоне, ки аз сулфаи хушк азият мекашанд, бисёр манфиатбахш аст. Ширро гармогарм дар як рӯз чанд маротиба нӯшидан лозим аст. Витаминҳо ва дигар маводҳои муфиди дар таркиби шири буз мавҷуд буда ҷисмро пурқувват гардонида, гулӯро мулоим мекунанд ва ба тунук шудану аз роҳҳои нафас хориҷ гаштани балғам ёрӣ мерасонанд. Маризон метавонанд барои бештар гаштани таъсири шири буз ба он як қошуқча содаи хӯрка, каме асал ё равғани маскаи хонагӣ-равғани зард илова карда, баъдан нӯши ҷон созанд. Нӯшидани шири бо асал омехта махсусан шабона манфиатахш аст, чунки асабро ором карда, шиддати сулфаро паст мекунад ва бемор то саҳар бароҳат хобидаметавонад.
 
-Барои сӯҳбат ва тавсияҳои муфид як ҷаҳон ташаккур!
 
Ф. Сатторӣ
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД