Commerc banl
Сабри сангин
443

Дар кӯчаи онҳо ҳамеша садои хандаи кӯдакон ба гӯш мерасид, вале дар ҳавлии Фарҳод сукути сангине ҳукмфармо буд. Маҳина дар ошхона машғули реза кардани пиёз буд, вале ашкҳои ӯ на аз тезии пиёз, балки аз неши суханҳои хушдоманаш - холаи Бибигул буданд.

- Бин, Фарҳод! Салими ҳамсоя имрӯз писарашро ба асп савор кард, ту бошӣ, бо ин дарахти бесамар умратро мегузаронӣ,- садои кампир мисли сӯзан ба гӯши Маҳина мехалид.

Холаи Бибигул дар сояи чормағз нишаста, ба писараш, ки нав аз кор омада буд, бо оҳанги гилаомез мегуфт:

- Фарҳод, бачам, метарсам, ки мани пир орзуи набераро ба гӯр мебарам. 15 сол шуд, ки бо ин зани бенаслат умри ҷавонатро хазон карда гаштаӣ, охир, ин зан не, дарахти бесамар аст.

Фарҳод, ки аз хастагӣ китфонаш хам гашта буданд, бо овози хаста ҷавоб дод:

- Очаҷон, бас кунед. Маҳина гуноҳ надорад. Ин тақдири Худост. Вай дар ин хона мисли гул хизмати шуморо мекунад.

- Гул бошад, барои худаш! Ба ман мева лозим, бачам,- садояшро баландтар кард кампир.- Ман мехоҳам пеш аз маргам садои “бибӣ” гуфтани касеро шунавам. Агар ин занро талоқ надиҳӣ, ман аз ту розӣ нестам.

Маҳина ҳамаи инро мешунид. Ӯ оҳи сарде кашида, ба дастони худ нигоҳ кард, дастоне, ки 15 сол боз ҷомашӯиву хизмати ин хонадонро карда буданд.

Шаб, вақте сукути сангин хонаро фаро гирифт, Маҳина рӯ ба рӯи Фарҳод нишаст.

- Фарҳод,- овозаш меларзид,- маро сар деҳ...

- Чӣ мегӯӣ, Маҳина? Мо понздаҳ сол боз як ҷону як танем.

- Не, Фарҳод. Ту бояд падар шавӣ. Ман намехоҳам, ки вақте пир шудӣ, ба дасти бегонагон нигоҳ кунӣ. Бирав, зан гир. Ман бошад, меравам.

Фарҳод то саҳар гирист, вале Маҳинаи якравро баргардонида натавонист.

Субҳ, вақте Фарҳод ба кор рафт, Маҳина ҷомадонашро гирифту дар рӯи миз хатчае монд: “Марди ягонаи ман. Ман меравам, то ту бахти ҳақиқии худро ёбӣ. Фарзанддор ки шудӣ, ман ҳам хурсанд мешавам.

Дуогӯи ту, Маҳина“.

Ӯ ҷойи рафтан надошт. Падару модараш кайҳо вафот карда буданд.

Маҳина ба назди як шиносаш ба шаҳри дигар рафт ва аз он ҷо барои кор ба Русия равон шуд. Дар як оилаи сарватманд ҳамчун парастор ва ошпаз кор ёфт. Дилаш ҳар рӯз барои Фарҳод хун мегирист, вале ба худ қавл дода буд, ки ҳаргиз барнамегардад.

Фарҳод як сол ҷустуҷӯ кард, вале Маҳина гӯё ба зери замин рафта буд. Бо исрори модар ниҳоят бо духтаре бо номи Гулнор издивоҷ кард. Гулнори ҷавон ба зудӣ ҳомила ва соҳиби фарзанд шуд, як писару як духтар. Фарҳод соҳиби фарзанд шуд, вале дилаш холӣ монд. Вай бачаҳояшро дӯст медошт, вале дар симои ҳар яки онҳо гӯё нигоҳи Маҳинаро меҷуст.

Пас аз 10 сол Гулнор бар асари бемории ногаҳонӣ вафот кард. Модари Фарҳод, ки акнун хеле пиру нотавон шуда буд, дигар наметавонист кӯдаконро нигоҳубин кунад ва рӯзе Фарҳодро наздаш хонда, гуфт:

- Бачам, ман хато кардам. Маҳинаро ёб. Кӯдаконат ба модар ниёз доранд. Танҳо вай метавонад ин ятимонро мисли фарзандони худаш дӯст дорад.

Фарҳод пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд фаҳмид, ки Маҳина ба ватан баргаштааст ва дар як гӯшаи дурдасти шаҳр зиндагӣ мекунад. Вақте ӯ ба назди ҳавлии Маҳина расид, занеро дид, ки ба гулҳо об медод. Рӯсарии сафедаш дар бод меҷунбид.

- Маҳина,- паст садо баровард Фарҳод.

Маҳина ба қафо баргашт. Обпошак аз дасташ афтод. Ҳарду хомӯш буданд, вале дар чашмонашон дарди 15-сола ва меҳри хомӯшнашуда аён буд.

- Ман бо кӯдаконам омадам, Маҳина. Модарам туро интизор аст,- гуфт Фарҳод бо овози ларзон.

Маҳина ба кӯдаконе, ки дар паси падарашон тарсону ларзон истода буданд, нигоҳ кард, баъд наздик омада, дар назди онҳо зону зад ва онҳоро ба оғӯш гирифт. Дар ин лаҳза дарк кард, ки Худованд фарзандро на аз батни ӯ, балки тавассути тақдир барояш ҳадя кардааст.

Имрӯз Маҳина ва Фарҳод боз якҷояанд. Маҳина ба он тифлон чунон меҳре дод, ки онҳо фаромӯш карданд, ки ӯ модари аслияшон нест. Ишқ ғолиб омад ва сабри Маҳина оқибат гул кард.

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД