sebiston july new
Сабринаи Назрӣ ва Баҳридини Сабур зану шавҳар шуданд?
4810


Як хонандаи фаъоли сомонаи Оила.

ТҶ бо исми Умеда хабар дод, ки ду ровии овозадор-Сабринаи Назрӣ ва Баҳриддини Сабур зану шавҳар шудаанд. Умеда мегӯяд, навори маросими хонадоршавии ин арӯси домоди машҳур дар сомонаҳои гуногуни интернетӣ паҳн гаштааст ва ҳазорон нафар мухлисонашон онҳоро муборакбод мегӯянд. Мо бо шунидани ин хушбахбар шод гашта, дарҳол ба Сабринаи Назрӣ занг задем, то ин арӯси хушбахтро муборакбод бигӯем, аммо ин зебосанам хандида чунин гуфт:
-Ману Бахриддин ҳанӯз аз замони дар телевизиони Сафина кор карданамон бо ҳам дӯстӣ дорем, вале дар бадали ҳамин қадар сол боре ҳам байнамон оташаки ишқ аланга назадааст. Навори хонадоршавии мо бошад, як ролики оддияки тарбиявӣ буд, ки дар бораи ишқи як зебосанам бо ҷавони маъюб нақл мекунад. Баҳриддин дар ин навор як ҷавони маъюб аст ва тасодуфан дар кӯча маро дида, бо як нигоҳ ошиқи зорам мегардад. Сароғоз волидони ман муқобили издивоҷи мо мебароянд, вале мо то лаҳзаи охирин барои ишқамон мубориза мебарем. Дар охир ман ва он ҷавони маъюб дасти ҳамдигарро гирифта, ба хонаи ақди никоҳ меравем ва расман зану шавҳар мешавем.


Баъд аз гирифтани "Лойи кӯҳии шифобахш "аҳволи ҳунарпеша бад шуда, фишори хун ва қандаш баланд гаштааст” омадааст дар хабар.



-Мақсади шумо аз ташкил кардани ин тӯйи булаҷаб чӣ буд?
-Ману Баҳриддин хостем қудрати ишқро дар мисоли ин ду дилдода намоиш диҳем ва собит созем, ки ягон қувва наметавонад ду дилдодаро аз ҳамдигар ҷудо созад, агар то охир барои муҳаббати худ мубориза баранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД