sebiston july new
Саъдӣ Тоирзода Аз савдогариву муҳоҷират то муаллими муваффақи Инстаграм
24.03.2024
ОИЛА
689

Ҳафтаи гузашта дар бораи ду омӯзгори забони англисӣ дар Инстаграм маълумот додем, ки то машҳур шудан ба кадом корҳо машғул мешуданд, аммо корбарони шабакаи мазкур ба мо навиштанд, ки хуб мешавад доир ба ҳаёту фаъолияти яке аз аввалин муаллимони забони англисӣ дар фазои маҷозӣ, хусусан Ютуб ва Инстаграм Саъдӣ Тоирзода (акаи Саъдӣ) нависем.

Аслан, Саъди Тоирзодаро маҳз Инстаграм маъмулу машҳур кард. Ӯ аз ҷумлаи аввалин муаллим-блогеронест, ки бо усули махсуси худ ба аудитория калимаву ибора ва ҷумлаҳои зарурии забони англисиро меомӯзонад. Ҳоло Саъдӣ Тоирзодаро дар Инстаграм 143 ҳазор нафар пайгирӣ мекунанд ва аксаран бо тахаллуси “акаи Саъдӣ” мешиносанд.

Дар ҳоли ҳозир аз маъруфтарин муаллимон дар фазои маҷозӣ буда, мекӯшад, ба воситаи наворҳояш ба мардум нафъ расонад. Ӯ наворҳояшро ройгон таҳия мекунад, аммо имкон меёбад, ки курсҳои пулакии худро фурӯшад ва тарафайн фоида гиранд.

Саъдӣ то ин ҷода осон наомадааст, балки рӯзгораш печдарпечиҳои зиёд доштааст. Ӯ дар суҳбат бо мо доир ба пайраҳаи ноҳамвори тайкардааш чунин гуфт:

- Дар аввал мехостам журналист шавам, вале нашуд. Ба деҳа нарафтам ва як сол ҳам омодагӣ дидам ва ҳам дар бозори “Деҳқон” ба фурӯши сабзавот машғул шудам. Соли оянда тариқи бурсия (грант) бо ихтисоси муаллим-тарҷумон ба донишгоҳ роҳ ёфтам, аммо бо сабаби шароити нохуб пас аз як соли таҳсил ба муҳоҷират рафтам. Чор сол дар муҳоҷират мондам. Дар муҳоҷират азобҳои зиёд кашидам, махсусан замоне, ки бо туркҳо кор мекардам. Мо маҷбур будем, ки забони туркиро омӯзем, зеро корфармо бо забони русӣ суҳбат намекард. Дар се моҳ забони туркиро омӯхтам ва каме корам осон шуд. Бо вуҷуди сардиҳои Русия маҷбур будам, ки дар ин кишвар монам, кор кунам ва қарзҳоямро баргардонам. Баъди муҳоҷират таҳсилро давом додам ва ҳамзамон ба омӯзиши забони англисӣ ҷиддӣ машғул шудам.        
Ҳамин тавр, Саъдӣ ҳам худаш омӯхту ҳам ба мардум меомӯзонад. Бешак гуфтан мумкин аст, ки ӯ ва чанд тани дигар тавонистанд муҳтавои Инстаграми тоҷикиро ҷиҳати мусбӣ тағйир диҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД