Arzon march 2024
Садамаи хунин дар Шаҳристон
854


Вазорати умури дохилии кишвар аз сар задани боз як ҳодисаи хунин дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаннок” хабар додааст. Дар ин садамаи қисматсӯз чанд нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Ҳодиса тахминан нисфирӯзии 13-сентябр, тахминан соатҳои 01:40 сар зада, ронандаи автомашинаи тамғаи «ДАФ», Абдураҳимов Абдуғанӣ Абдуразоқович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шаҳристон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «МАН», таҳти идораи Ёқубҷони Абдумаҷид, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Панҷакент бархӯрдааст.

Ҳар ду ронанда бар асари ин садамаи хунин ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофири «ДАФ» Қурбонов Анушервон Илҳомович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Хуҷанд бар асари ин ҳодисаи нохуш ҷароҳатҳои зиёди ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД