Аз он рӯзҳое, ки ҳанӯз кӯдак будам, дар гӯшаи хона садои ҷозибадори радио маро ба олами дигар мебурд. Он овозҳо, он лаҳни самимии сухандонҳо маро ба худ сеҳр мекарданд. Ҳар бор ба ин овозҳо гӯш медодам, дар дил як орзу мекардам: оё рӯзе мерасида бошад, ки овози ман ҳам аз радио танин андозад?
Аз байн солҳо гузашт. Орзуҳои кӯдакӣ низ ҳамчунин, вале як орзу– орзуе, ки садоям дар радио пахш шавад, ҳамеша дар дилам зинда монд. Ман ба зиндагӣ қадам ба қадам ворид ва ба орзуҳои худ беш аз пеш наздику наздиктар мешудам. Ва имрӯз он орзуи ширин, он орзуи кӯдакона, либоси амал пӯшид ва аз ин хеле сарфарозам!
Акнун ман на танҳо шунавандаи одӣ, балки касе ҳастам, ки барои дигарон барнома пешниҳод мекунад, касе, ки дар паси микрофон менишинад ва ба садҳову ҳазорҳо гӯшҳои мунтазир сухан мерасонад. Радио баромадан фақат матн хондан нест. Ин - аз қалб ба қалб роҳ кушодан, ин - дар ҳар ҷумла нур рехтан, ин - бо овози худ ҷаҳонро каме самимитар кардан аст.
Санъати сухандонӣ ё наттоқӣ танҳо аз калимаҳо иборат нест. Ин ҳунарест, ки таппиши баланди дил мехоҳад, эҳсоси масъулият мехоҳад. Овози ширин онро зебу зиннат мебахшад, софу беолоиш ҳарф задан онро пурқувват месозад.
Ҳар боре ки паси микрофон нишаста ба мухлисони гуфторҳои тоҷикӣ барномаи навбатиро пешкаш мекунам, эҳсос менамоям, он кӯдаке, ки солҳои пеш дар гӯшаи хона ба садои радио гӯш медод, ҳоло орзуҳояшро амалӣ менамояд ва ҳар рӯз дар соати муқарраршуда мардуми зиёд ба садои ӯ гӯш медиҳанд. Оё ин хушбахтӣ нест?
Оре, рӯзе орзуи ту ба ҳақиқат табдил мешавад, аммо барои ин бояд ҳамеша сайъу кӯшиш кунӣ.
Вақте аввалин бор дар паси микрофон нишастам, дилам бо овози худ ҳамнафас шуд. Ҳис мекардам, ки ҳар сухан, ҳар калима ва ҳар нафасро шунавандагон низ эҳсос мекунанд. Он лаҳза фаҳмидам: радио танҳо садо нест, ин масъулият, ин ишқ, ин пайванд байни қалбҳо аст.
Дар ҷараёни кор омӯхтам, ки ҳар ҷумла бояд ҳаётӣ бошад. Ҷумлаҳои холӣ аз як гӯш даромада аз дигараш мебароянд, аммо суханоне, ки аз замири дил баромадаанд, ҳатман ба қаъри дилҳо медароянд. Шояд ҳамин аст сирру асрори радио - садои инсон, ки аз дур, вале мисле, ки аз наздиктарин ҷои дили ӯ садо медиҳад.
Ҳар рӯз бо муҳаббат вориди студия мешавам. Лаҳзае, ки чароғи сурх фурӯзон мешавад, гӯё тамоми дунё хомӯш мемонаду фақат овози ман танин меандозад.
Ин роҳ осон набуд. Забон, нутқ, тарзи талаффуз, эҳсос, лаҳн - ҳама омӯзиш мехост, сабр мехост, меҳнат мехост. Аммо ҳар қадам, ҳар заҳмат, ҳар мушкил маро ба орзуи деринаам наздиктар мекард. Ман омӯхтам, ки овоз танҳо ҳунар нест, масъулияти ҳамарӯза аст: масъулияти эҳтироми шунавандагон, масъулияти дуруст интихоб ва талаффуз кардани вожаҳову ҷумлаҳо, масъулияти ба ҳар кас расонидани порае аз меҳр.
Гўш кун, бишнав замоне гуфтаҳои родио,
Фарҳате ёбӣ аҷаб аз нағмаҳои родио.
Аз хабарҳои ҷаҳон огаҳ гардонад туро,
Мекунад дилшод оҳангу ҳавои радио.
Радио ба ман омӯзонд, ки ҷаҳонро танҳо бо чашм не, балки бо гӯши дил ҳам бубинаму бишнавам. Садои одамон, қиссаҳои онҳо, хурсандиву ҳайронӣ, ғаму шодӣ — ҳама дар баҳри овоз ғӯта мезанаду дар дилҳо ҷой мегиранд. Ҳоло, ҳар боре, ки барнома пешкаш мекунам, дар дилам шукр мегӯям, ки дар пешаи интихобкардаам устувор мондаам, орзуҳоям дар ҳаёт ба воқеият табдил меёбанд.
Бесабаб орзу дар дили инсон пайдо намешавад — ҳар орзу паёми пинҳонии тақдир аст, ки ба ту мегӯяд: “Ту метавонӣ, онро амалӣ кунӣ, агар ба роҳи иҷрои орзуҳо ба сафар бароӣ”.
Ман имсол гурӯҳи тоҷикии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Фарғонаро хатм хоҳам кард. Соли чорум аст, ки дар радиои вилоят ба ҳайси муҷрии гуфторҳои тоҷикии он ифои вазифа менамоям. Қарор аст, ки таҳсилро дар магистратура низ давом хоҳам дод.
Шукр, ки аз донишҷӯёни пешсафи факулта мебошам ва борҳо бо “Ифтихорномаҳо”-и ректорат ва деканат сазовор гаштаам. Соли 2025 мукофоти Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъро, ки барои ҷавонони боистеъдод таъсис додааст, ба даст овардам.
Дар чандин чорабиниҳои сатҳи вилоятӣ ровигӣ кардаам, маҳфилҳоро сарварӣ намудаам.
То марҳилаи ҷумҳуриявии озмун барои Мукофоти давлатии Зулфия расидам, вале толеъ мадад накард, ки дар миёни 10 нафари дигар барандаи ин ҷоиза шавам. Аммо ҳаргиз рӯҳафтода нестам, чунки то марҳилаи вилоятӣ расидану баъдан дар марҳилаи ҷумҳуриявӣ ширкат намуданд – ин худ ҳам бахт ва ҳам муваффақияти клонест. Маъмурияти донишгоҳе, ки он ҷо таҳсил мекунам, маҳз мани тоҷикдухтари деҳотиро барои ширкат дар ин озмун тавсия намуд, ки то марҳилаи ҷумҳуриявӣ расидам.
Дарвоқеъ, ман зодаи деҳаи Ҳушёри ноҳияи Сӯх ҳастам, ки мардуми ин ноҳия саросар тоҷиконанд. Мактаби деҳро бо медали тилло тамом кардаам ва бо гранти давлатӣ ба донишгоҳ дохил шудаам. Насиб бошад, онро бо дипломи сурх хатм хоҳам кард.
Падару модарам одамони одӣ, вале равшанфикранд. Як ҳамшираву ду бародар низ дорам, ки яке имсол донишгоҳро хатм мекунад ва дуи дигар барои ишғоли курсии донишҷӯ талош ба харҷ медиҳанд.
Орзуҳои мо тасодуфӣ нестанд; онҳо аз куҷое меоянд, ки бахше аз рӯҳу зеҳнамон аллакай медонад: мо қудрати расидан ба онҳоро дорем.
Фархунда РАВШАНЗОДА,
муҷрии гуфторҳои тоҷикии садо ва симои вилояти Фарғона, Ҷумҳурии Ӯзбекистон