Arzon march 2024
Садриддини Наҷмиддин зодрӯз дорад
1544


Имрӯз ситораи дурахшони эстрадаи тоҷик Садриддини Наҷмиддин зодрӯз дорад.
Садриддини Наҷмиддин 19-уми январи соли 1980 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.

Овони бачагию ҷавонии ин овозхони машҳур дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гузаштааст.

Садриддин бисёр бачаи шӯх ва серҳаракат буда, ба қавли худаш, замони кӯдакиаш “хулигани 1-“и маҳаллаи 33” будааст, аммо баъдтар ишқи ҳунар дар дилаш шӯъла зада, ӯро ба пайроҳаи эҷод мекашонад. Ҳамин муҳаббат боис гаштааст, ки Садриддин сароғоз дар назди овозхони маъруфи давр Фурқати Саид шогирд истода, нозукиҳои санъатро аз худ менамояд ва устодаш барои роҳ ёфтан ба санъат ба ӯ ёрӣ мерасонад.

Ҳамин тавр Садриддин ба дунёи мусиқӣ ворид гашта, ба эҷоди сурудҳои нахустини худ шурӯъ мекунад. "Дар синни 16-солагӣ ин ҷавони боистеъдод албоми аввалинашро бо номи “Садои борон” ба ҳаводорони таронаҳои эстрадӣ пешкаш кард. “Афсонаи ишқ”, Гули ноз», «Медони», «Ғарибӣ», «Гоҳе», «Имшаб», «Хоб дидам», «Садои дил», аз зумраи сурудҳои аввалини Садриддин ба шумор мераванд, вале ин таронаҳо он қадар дилнавозу дилчасп буданд, ки вирди забони хурду калон гашта, дар як муддати кӯтоҳ овозхони ҷавонро азизи дили мардум ва гули сари сабади маҳфилҳо гардониданд.

Пас аз хатми мактаби миёна Садриддини Наҷмиддин ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дохил шуда, бо муввафақият онро хатм кард. Дар ин миён шӯҳраташ марзҳоро убур намуда,ин овозхони тоҷикро дар Эрону Афғонистон ва дигар кишварҳо низ мешинохтагӣ шуданд.

Солҳои охир Садриддини Наҷмиин бо аҳли хонаводааш дар Канадазиндагӣм екунад. Дур аз Ватан умр ба сар барад ҳам, дар тамоми суҳбатҳояш ин овозхони маъруф миллати худро зикр намуда аз тоҷик буданаш ифтихор мекунад. Садриддин аз Тоҷикистон рафта бошад ҳам, ҳунари волояш дар дили мардуми тоҷик боқӣ мондааст.

Ёдовар мешавем, ки Садриддини Наҷмиддин соли 2023 духтари калониашро ба шавҳар дода, соҳиби домод гашт. Тӯйи арӯсии духтари Садриддини Наҷмиддин-Манижабону рӯзи 11-уми сентябр дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон дар тарабхонаи машҳури “Шоҳсарой” баргузор гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД