Arzon march 2024
Садриддини зодрӯзшаро бо кӣ ҷашн мегирад?
1456

Имрӯз ситораи дурахшони эстрадаи тоҷик ва овозхони маъруфи Шарқ Садриддин Наҷмиддин ҷашни милод дорад.

сашка

Ин ҷавони булбулвоз бо садои махмалин ва таронаҳои дилнавозаш санъати тоҷикро ба аҳли олам муаррифӣ намуда, ба қатори машҳуртарин сарояндагони Шарқ аз қабили Муин, Анди, Ораш, Фарҳоди Дарё, Воҳид Сабурӣ, Валӣ ва дигарон дохил мешавад.
Садриддини Наҷмиддин 19-уми январи соли 1980 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Даврони кӯдакию наврасиаш дар ноҳияи Синои пойтахт гузаштааст.

рррр
Тавре ки худи Садриддини Наҷмиддин дар як мусоҳибааш ба ҳафаномаи “Оила”иқрор шуда буд, дар кӯдакӣ ӯ бисёр бачаи шӯху беқарору бебок ва “хулигани №1-и маҳаллаи 33” будааст, аммо аз ҳамон давраҳо оташаки санъат дар дилаш шарора мезад.
Маҳз ҳамин шарора боис гашт, ки ин ҷавони ҷӯянда ҳаёти худро ба пуррагӣ ба санъат бахшида, дар як муддати кӯтоҳ ба гули сари сабади маҳфилҳо табдил ёбад. Таронаҳои ҷаззоби ошиқонаву орифонааш дар дили миллионҳо мухлисон маъво гирифта, Садриддинро натанҳо дар Тоҷикистгон, балки хориҷ аз кишвар машҳур гардониданд.

бо зиё
Ҳамин тавр ин овозхони тоҷик дар радифи ситораҳои дурахшони Шарқ қарор гирифта, чанд сол боз бо аҳли хонаводааш дар Канада зиндагӣ мекунад.Садриддин падари 4 фарзанд буда, ду шоҳписар ва ду духтари гуландом дорад.


Албоми нахустинашро Садриддини Наҷмиддин дар синни 16-солагӣ пешкаши мухлисон намуда буд ва он “Садои борон”ном дошт. Таронаҳои ин овозхони машҳур дар Тоҷикистон бештар дар студияи «JC Records Studio» аз ҷониби муҳандиси садо Олим Ширинов сабт шудаанд. Дар байни сурудҳои Садриддини Наҷмиддин таронаҳои «Гули ноз» (2005), «Медонӣ (2005), «Ғарибӣ» (2006), «Гоҳе» (2006), «Хоб дидам» (2006), «Имшаб» (2006) ва «Садои дил» мавқеи хоса доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД