Gazprom july 2025
Саёҳати 195 кишвар дар 499 рӯз
24.08.2025
Oila.tj
98

Тибқи иттилои Tengri Travel, коргардони 36-солаи амрикоӣ аз Детройт - Майкл Зервос дар муддати ҳамагӣ 499 рӯз ба ҳамаи 195 кишвари дунё сафар карда, рекорди Гиннесро шикаст.

Майкл сафарро 18-уми январи соли 2024 оғоз намуда, пас аз фурӯхтани хонааш аввал ба Русия, сипас ба Туркия ва баъдан аз тариқи қитъаи Африқо, Шарқи Наздик, Қазоқистон, Осиё, Уқёнусия, Аврупо, Амрикои Ҷанубӣ ва ҷазираҳои Кариб сафар кардааст. Дар ҳар кишвар, ба ҷуз Ватикан, ҳадди ақал як шаб мондааст.

"Бароям муҳим буд, ки бо мардум мулоқот кунам, қиссаҳояшонро бишунавам ва фазои кишварро эҳсос намоям. Ман аз саёҳатҳои «фақат ворид шудан ва баромадан аз фурудгоҳ» даст кашидам",- гуфтааст Зервос.

Ӯ 30-юми майи соли 2025 сафарро анҷом дода, ҳамзамон наворҳои видеоӣ сабт кардааст, ки дар он аз сокинони маҳаллӣ мепурсид: «Лаҳзаи хушбахттарини зиндагии шумо кадом аст?».

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД