Gazprom july 2025
Сафари давлатии Президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон оғоз ёфт
08.07.2025
Oila.tj
77

Имрӯз, 8-уми июл Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми баланд меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаровро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, саҳни Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба хотири пазироии арзандаи меҳмони олиқадр бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду давлат идона оро ёфта буд.

- Зимни суҳбати кӯтоҳи дар толори фурудгоҳ баргузоршуда, сарони ду давлат доир ба барномаи сафари давлатии Садир Жапаров ба Тоҷикистон табодули назар намуда, аз ҷумла изҳори бовар намуданд, ки он дар таърихи муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя саҳифаҳои нав боз мекунад.

Мавриди зикр аст, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон аз 8 то 9-уми июл дар Тоҷикистон идома ёфта, зимни он мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон, имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим, аз ҷумла ҳамоиши тиҷоратию сармоягузорӣ дар назар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД