arzon november
Саидҷалолро барои ишқварзӣ тариқи интернет дар Русия суд карданд
522

 

Солҳои охир сару садҳо дар бораи коста шудани ахлоқи ҷавонон хеле зиёд шуда, аксарият аз он шиква мекунанд, ки насли нав, аниқтараш иддае аз ҷавонони муосир натанҳо ҳурмату эҳтироми калонсолонро ба ҷо намеоранд, балки аз доираи одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ торафт берун рафта истодаанд. Рафтори бадахлоқонаи як ҷавони тоҷик, ки дар Русия барои ахлоқан вайрон кардани ноблиғон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст, далели равшани ин гуфтаҳост. Яке аз судҳои ноҳиявии Тюмен як муҳоҷири тоҷикро бо номи Саидҷалол. Ф. барои бадахлоқӣ бо ду духтарчаҳои ноболиғи 12-13 сола ба ҷавобгарӣ кашидааст.

Дар хабар гуфта мешавад, ки ин муҳоҷири тоҷик аз 4 апрел то 5-майи соли 2021 тариқи шабакаи иҷтимоии «ВКонтакте» бо як духтарчаи 12-солаи маҳаллӣ шинос шуда, бо фиристодани наворҳои фаҳши видеоӣ ба ноболиғ духтаракро ба амалҳои норавои шаҳвонӣ таблиғ менамудааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, ин муҳоҷири бадахлоқи тоҷик ба духтарчаи 12-сола акси узвҳои ҷинсиии худро равон карда, ӯро ба ишқварзӣ тариқи интернет таблиғ мекардааст.
Ҳамин тавр Саидҷалол. Ф. нимаҳои моҳи апрел боз бо як духтари ноболиғи дигар, ки 13-сол доштааст, тариқи интернет ошно шуда, ба “дугона”-и наваш низ наворҳои фаҳши порнографӣ мефиристодааст, вале телефони духтарак ба дасти бародараш афтида, оқибат ин сирри ниҳон фош мешавад.

Модари духтар дарҳол ба пулис арз карда, муҳоҷири тоҷикро барои бадахлоқӣ бо нболиғон ба ҷавобгарӣ кашиданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД