Arzon march 2024
Сангборон 3 мошинро шикасту 4 касро маҷрӯҳ кард
501

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки 24-уми июли соли ҷорӣ, соати 17:30 дақиқа дар минтақаи наздимарзии Тоҷикистон бо Қирғизистон муноқиша рух дод.

Ба иттилои ин ниҳод, қатораи автомашинаҳои сокинони Ҷамоати деҳоти Ворух иборат аз 8 адад барои гузаронидани тӯйи арӯсу домодии фарзандонашон ба самти шаҳри Исфара ҳаракат доштанд.

"Дар наздикии даромадгоҳи деҳаи “Оқсой” қатори автомашинаҳо аз тарафи шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон, сокини Ҷамоати деҳоти Оқсойи кишвари ҳамсоя, ки дар ҳолати мастӣ автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс”, рақами қайди давлатиаш 134 ACJ 03 KG — ро идора мекард, бо баҳонаи он ки гӯё яке аз автомашинаҳои тӯёна барои ҳаракати ӯ монеа эҷод кардааст, роҳи ҳаракати мошинҳоро мебандад. Сипас аз мошин берун шуда, автомашинаҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро мавриди сангборон қарор медиҳад. Дар натиҷа, қисмҳои гуногуни 3 автомашина мешикананд ва 4 шаҳрванди Тоҷикистон зарари сабуки ҷисмонӣ мебардоранд", - навиштааст манбаъ.

Баъди ба макони ҳодиса ҳозир шудани кормандони мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Қирғизистон гуфтушунид доир гардид ва ба муноқиша хотима бахшида шуд.

Вазъият дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон муътадил аст. Комиссияи муштараки дуҷониба сабабу омилҳои асосии муноқишаро байни шаҳрвандони ду давлат муайян менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД